Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан нишондодҳоро дар ин самт лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ ба даст оварда буд, ин як.
Шояд аз тарафи ў хатое ҳам содир нашуда бошад, ба таври дигар гўем айб на дар ош, балки дар мош буд, яъне ў бо нафароне суҳбат намудааст, ки боре ҳам дар тани Бонози Даврон чунин борониро надидаанд, ин ду.
Аҷаб нест, ҳамкорони мо аз ШКД-и ноҳияи Сино, ки дар гирд овардани хабарҳо аз ҳамин гуна манбаъҳо истифода набурда бошанд, ин се.
Аслан Абдумаҷид ҳам нагуфт, ки дар тани Бонози Даврон чунин борониро дидааст. То ҷое, ки банда ҳангоми суҳбат бо ў иттилоъ, гирифтам, модараш ҳам он борониро надидааст.
Барои ба хатое роҳ надодан ман кӯшиш намудам саволҳои хеш ва посухҳои дӯсти хурдсоламро бори дигар болои монитори хотирам биёрам.
«Дар биное, ки худат истиқомат дорӣ ягон нафар зан чунин боронии чармини сиёҳ дорад?

  • Холаи Нигова.
  • Холаи Бонозат чӣ?
  • Ў ҳам довад.
  • Ту худат дидӣ?
  • Не, холаи Нигова ба очам гуфтааст, ки …
  • Гуфтааст, ки чӣ?
  • Ў ҳам довад».
  • Гапи ростро аз бача шунав…
    «Макун бо кӯдаку бо ганда бозӣ…
    Худоё…
    Наход суханони Абдумаҷид рост бошанд?
  • Чаро не?
  • Охир ў ҳанўз кӯдак аст.
  • Гапи ростро аз бача шунав…»
    Маҳз ҳамин нидо таконе баҳри вохӯрии банда бо волидайни Абдумаҷид гашт…

Маҳаллаи Зарафшонро дар нимаи дуюми рўз тарк намудам.
Акнун дар курсии мулоими автобус сари дастоварду нокомиҳои тайи чанд соати саргардониҳо ба даст овардаам, андеша намудам.

пешина
аз 441
навбатӣ