Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ман ин хел нагуфтам.
- Нагуфтед, вале аз миш-миши гапатон маълум, ки чиро дар назар доред.
- Дар атрофи ин қазия мо бояд ба ҳама суолҳои хеш посух гирем.
- Ў дугонаи ман аст.
- Агар дугонаатон намешуд, чӣ андеша доштед?
- Намедонам».
Ман ҳамон рўз телефонамро ба ў додам, ки рафту дар ин бора ягон ҳолатро ба ёд биёрад, ҳатман занг занад, вале ў занг назад, маълум, ки намехоҳад дугонаашро хафа намояд.
«Кӣ медонад ин дўстии онҳо аз куҷо сарчашма мегирад?» - шунидам овози қалби хеш.
«Сафо-ака ду боронӣ оварда буд, якто барои ман, якто барои Боноз, - ба ёд овардам суханони соате пештар аз забони модари Абдумаҷид шунидаамро. - Барои Боноз-ку маълум, вале барои ту ба кадом хотир меовардааст, шояд акнун исбот намоӣ, ки нархи борониро пардохт намуда будӣ, вале чун Боноз бифаҳмад, ки аз рўи борони худат шуда ўро дастгир намуданд, ҳақиқатро хоҳад гуфт.
- Кадом ҳақиқатро мехоҳӣ? Охир Нигорабону зани озод аст».
Ман хело кӯшиш намудам, ки суҳбати онрӯзаи хешро бо Нигорабону боз рўи саҳнаи монитори хотирам биёрам.
…Ману Боноз ҳар бегоҳ пеш аз хоб ана дар ҳамин саҳн лаҳзае сайругашт мекунем. Охир худатон нағз медонед, ки дар ин катакчаҳои бетонӣ дили кас бухс мекунад. Тайи чанд соле, ки ман дар Амрико будам, назари мардуми он ҷоро ба табиат дигархелтар дидам. Афсӯс ки бо ҳама ин зебогӣ табиати кишвари хеш, мо аз он дуруст истифода бурда наметавонем…
Ҳамин озодӣ буд, ки Нигораи Собир ду нимкураи заминро аз шарқ то ба ғарб мусаххар кард.
Харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя. Оне ки заҷири муҳаббат дар пояш буд, бубин ва нигоҳи Хусрави Раҳим ба сутуни хонадонаш хиёнат кард, пас куҷост кафолат, ки ин мурғи озод дили нафареро мусаххар накарда бошад.
«Рафту Нигора ҳам чун Хушнуди Замир ба ном… - Кӣ медонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор