Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Бо ҳамин хаёлҳои бесару нӯг ман пой бар остонаи бинои милиса гузоштам.
- Омадед?-баробари пой ба остонаи дафтари кори сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ гузоштанам пурсид Тоҳир Додобоев.
- Чӣ хеле ки мебинед.
-Ягон риштае ба даст омад? - Намедонам.
- Чӣ хел?
Ман ба курсие нишаста, сардори бахшро бо ҳама он дастовардҳое, ки бе санҷиши мукаммал хулосаи хешро гуфтан ғайриимкон буд, шинос намудам. - Ягон бадиеро дар ин кор намебинам, баръакс акнун мо медонем, ки Бонози Даврон ҳам чунин боронии чармин доштааст. Ҳамид Ҷовид ҳам чӣ гуфтанашро медонад. Бубин ҳамагӣ ду рўз сипарӣ нашуда, мо то ба куҷоҳо расидем.
- Мо бояд дар бозгашт пеш аз Бонози Даврон он маҳваши Бадахширо бубинем.
- Ў кай меомадааст?
- Ба фикрам, дар ҳамин ду-се рўзи наздик тариқи ҳавопаймо.
- Бо имзои Ҳамид Ҷовид ба шуъбаи милисаи дар фурудгоҳ буда мактуб тайёр намоед!
- Хуб шудааст.
- Он писарбача ва модарашро огоҳ намудед, ки дар ин бора ба касе лаб накушоянд.
- Он ҳарду ҳам нони милиса хӯрдаанд ва аминам, ки намакро пос медоранд.
- Боз нашаваду...
- Дар қиссааш набошед.
- Дар гирду атрофии бино дигаргуниеро эҳсос накардед?
- Не, чӣ буд?
- Мошине бо асбобҳои сабти овоз дар ҳамон маҳалла интизори шунидани нидое аз қалби пурдарди Бонози Даврон аст.
- Шояд мошин дар самти дигари бино буд?
- Намедонам.
- Ҳангоми ҷо ба ҷо намудани тугмачаҳо мушкилие пеш наомадааст?
- Ба фикрам, не.
- Соҳибхона ягон чизро пайхас накардааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор