Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Худам ҳам дар ҳамин андеша будам, вале акнун бисёр чизҳоро фаҳмидам.
- Дар ҳамин як вохӯрии кӯтоҳ?
- Бале. Гумон мекунам, ки ботини Малика на чун зоҳири ў зебост.
- Оё барои чунин хулосабарорӣ барвақт нест?
- Нест.
- Ба андешаи худат мӯйсафед ба милиса баҳри тавба намудан рафтааст?
- Бале, дигар ўро дар милиса чӣ корест.
- Аз куҷо фаҳмидед, ки Малика ҳамон духтараки ҷустуҷў мекардагии мост?
- Сафо Боқӣ, одами аноӣ набуд?
- Шахсеро, ки дар чунин шароит дороиаш ба ду миллион доллар дакка мехӯрад, магар аноӣ гуфта мешавад.
Малика ҳам дар ҳақиқат арзандаи номаш аст. Ба ростӣ, банда то кунун зеботар аз ў духтареро надидаам. - Яъне, ки ў бо як нигоҳ тири муҳаббатро дар қалбатон ҷо намуд.
- Ҳамин хел аст. Ў худ вазъи банда ва мавқеи кунунии хешро фаҳмид, барои ҳамин ҳам нигоҳашро аз ман гурезонд.
- «Мавқеи кунунӣ» гуфта чиро дар назар доред?
- Ў фаҳмид, ки дигар меваи шохи баланд нест.
- Муаммогўиро як сӯ гузор.
- Гумон мекунам шумо ҳамаашро кайҳо фаҳмидед.
- Гумонҳои ботил.
- Бо чунин зебоӣ Маликаро шояд даҳҳо харидор буд, харидоре чун ман бо киссаи холӣ, вале ў муҳаббаташро пойандози Сафо Боқӣ намуд, ҳол он ки ў нағз медонист, ки Сафо марди оиладор аст.
- Яъне ў ба боигарии Сафо Боқӣ дил бохта.
- Бале.
- Ба андешаи худат муҳаббати онҳо дар кадом поя қарор дошт?
- Сабзаи зери дарахти мевадор ҳамеша поймол аст.
- Пас ин спектакл чӣ лозим буд.
- Вақту соаташ ояд, ҳамаашро мефаҳмем, - гўён Абдурашид ба тарафи бинои милиса тоб хӯрд.
- Шуморо Тоҳир Додобоевич интизор, - баробари пой ба остонаи милиса гузоштанамон моро ҳушдор сохт навбатдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор