Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ў танҳост?
- Не, ҳамроҳи кадом як полковники мустаъфие…
- Сўзанро аз байни тӯдаи коҳ ёфтему шуморо не, - баробари пой ба остонаи дафтари кори сардори бахш гузоштанамон гуфт Тоҳир Додобоев.
- Мо баҳри дидорбинӣ ба хонаи домулло (ман ба тарафи мусоҳиби сардори бахш ишорае намудам) рафта будем.
- Ба хонаи мо?-пурсид мӯйсафед.
- Ҳа, ба хонаи шумо, рафиқ полковник.
- Гӯр бар сари чунин полковнике чун ман, - оҳи бадарде кашида гуфт Ҷумъа Зокир.
- Боз чӣ гап шуд?
- Ман ба Тоҳирҷон ҳамаашро гуфта додам.
- Мо ба ягон ҷо шитоб надорем, агар малоли хотиратон нашавад, - гўён ману Абдурашид ҳар дар рў ба рўи Ҷумъа Зокир нишастем.
- Худам ҳам намедонам, ки маро чӣ бало зад…
- Ҳеҷ чизро намефаҳмем.
- Тоҳирҷон, хоҳиш мекунам ба бачаҳо фаҳмон.
- Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, ба замми ин шумо, ки худатон ба милиса омадед, Худованд ҳам тавбаатонро мепазирад.
- Аминам, ки маро мефаҳмед.
- Албатта.
- Ман он рўз ба шумо дурўғ гуфтам, - ба тарафи ман нигариста гуфт мӯйсафед.
-Ба ман?
-Ҳа, ба шумо ва ҳатто шарм надошта, ба ин ҷо омадам ва аз рўи бофтаи хаёлоти хеш расми нестандарҷаҳонеро баҳратон ба тасвир додам.
-Яъне, ки шумо моро, дурусттараш тафтишотро, аз роҳи рост баровардани шудед?
-Ҳамааш ҳамин хел аст.
-Ба кадом хотир?
-Ба хотири набера,
-Шуморо гӯш мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор