Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Яъне Малика боварии куллӣ дорад, ки ҳамсари Сафо Боқӣ дар бораи маҷудияти вай хабар дорад?
  • Ҳамааш ҳамин хел аст.
  • Оё Малика дар марги Сафо Боқӣ аз ягон кас гумонбар ҳаст?
  • Намедонам.
  • Ба фикрам, мо танҳо аз худи Малика метавонем ба ҳамаи саволҳои хеш ҷавоб гирем, - риштаи суханро тайи ин муддат бори аввал ба даст гирифта гуфт сардори бахш, ки мақсади асосиаш мӯйсафедро ба ҳолаш гузоред, буд.
  • Чӣ илоҷ? Банда дигар саволе надорам.
  • Абдурашид, шумо чӣ? - пурсид Тоҳир Додобоев.
  • Саволе надорам.
  • Аминам, ки гуноҳи бандаро авф мефармоед,- гуфт мӯйсафед.
  • Моро ғубори хотире аз шумо нест.
  • Сипосгузорам. - гуфт Ҷумъа Зокир ва рухсати рафтан пурсид.
    -Гумон мекунем, ки ин вохӯрии аввалину охирини мо намешавад, - аз курсиаш баҳри гусели муйсафед бархоста гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Насиб,-гўён муйсафед бо ҳамаи мо даст дода худоҳофизӣ намуд.
    Баъди рафтани ў мо се тан муддате сари андешаҳои хеш хомӯш нишастем…
    Дигаронро намедонам, тайи ин муддат чӣ фикру хаёле аз сарам гузашту дилам ба ҳоли мӯйсафед сӯхт. Мӯйсафед худро ба он маломат кард, ки писараш Иброҳимро аз Русия баргардоида оварда натавонист ва наберааш ўро дар дар байни мардум шарманда сохт. Магар ў ба ҳамин хотир фарзанд калон карда буд. Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар ва ман ба хулосае омадам, ки Иброҳим барои бобои Ҷумъа доғе шуд ва ниҳоли шинондаи вай ҳам самарии талхе ба бор овард, ки қомати ин марди накуномро шикаст.
    Вохӯрии рўзи аввалро дар манзили Ҷумъа Зокир пеши назар оварда ба хулосае омадам, ки ҳама он амру фармони эшон саҳнаи сохта будааст.

  • Бовар намекунам.
пешина
аз 441
навбатӣ