Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман намедонам, ки набераам Малика бо Сафо Боқӣ дар куҷо шинос шудааст, вале акнун мебинам, ки марги Сафоро ў ҳеҷ таҳаммул карда наметавонад…
Рафту худи Малика беақлӣ намуда, ба шумо занг намезад, ба гумон буд, ки сирри нуҳуфтаи ў ошкор шавад.
-Ўро чӣ сирре дар сар аст?
-Беҳтар мешуд, ки дар ин бора аз худи вай мепурсидед.
Банда ҳаминро гуфтаниам, ки дигар Малика ҳаргиз хушбахт нахоҳад шуд. Ба ҳамаи ин мо гунаҳкорем, чунки ўро дуруст тарбия карда натавонистем.
-Ояндаро ба ҷуз Худованд, кӣ медонад.
-Инаш рост.
-Оё то вохўрии мо дар бораи «корнамоиҳои» набера хабар доштед?
-Дар охирҳои моҳи сентябр ман нохост ду маротиба дар сари кӯчаи калон фаромадани Маликаро-аз як мошини тамғаи «Мерседес» дидам. Дар ин бора келин модари Маликаро огоҳ намудам, чунки падари Малика чанд сол боз дар Русия аст.
Дар ин ҷода гуноҳи банда ҳам, албатта, кам нест, чунки Иброҳимро аз Русия оварда натавонистам. Тайи се соли охир, ки Иброҳим дар Русия аст, сарпарастии ҳамсар ва фарзандонаш ба души ман мӯйсафед афтода. Ман ҳатто ба гӯшаи хотир наоварда будам, ки рўзе мешаваду набера бо як амали ноҷои хеш обрўи моро мерезад.
-Магар дӯст доштан гуноҳ аст? – гуфтам ман, ки мехостам ҳарчӣ бештар дар бораи Малика маълумоте ба даст оварам.
-Гуноҳ нест, вале ҳар кӣ бояд андоза хеш нигоҳ дорад.
Малика нағз медонистааст, ки Сафо Боқӣ зан дорад, пас чӣ тавр ў тавонист, бо марде, ки дар зиндагӣ озод нест, дил бандад?

  • Дар ин бора шумо аз ў пурсидед?
  • Пурсидам ва ҳатто ўро зери борони маломат ҳам гирифтам.
  • Ў чӣ гуфт?
  • Гуфт, ки Сафо аз ҳамсараш нияти ҷудо шудан дошт.
  • Оё ҳамсари Сафо Боқӣ дар бораи мавҷудияти Малика хабар дорад?
  • Банда, ки аллакай як не, ду маротиба ба шумо дурўғ гуфтам, магар метавонам суханони Маликаро кафолат диҳам.
пешина
аз 441
навбатӣ