Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез.
- Ин ҳамааш вобаста ба вазъи ба амаломада аст ва барои ночиз коре дурўғ гуфтан хуб нест.
- Агар ҳамин дурўғ намешуд, имрўз нафаре шояд худашро аз ошёнаи боло ба поён мепартофт, вале ман бо каме дурўғ гуфтан ўро ором намудам.
- Агар махфӣ набошад?
- Модари Расулро…
- Янгаро?
- Бале.
- Рафту ба ў ҳодисае рух медод, банда дар хунаш зомин мешудам.
- Чаро ту зомин мешудӣ?
- Чунки дирўз бегоҳӣ расми Маликаро ман оварда будам ва афсўс мехӯрам, ки шуморо огоҳ накардам, ки онро бо худ ба хона набаред.
- Яъне, ту гумон дорӣ, ки модари Расул танҳо аз рўи рашк метавонист ба худкушӣ даст занад?
- Чун ин ҳодиса, чӣ хеле ки шумо худ иқрор шудед, ҳамин субҳ рух додааст, дигар асосеро намебинам.
- Эй Абдурашид, ҳоло ки озодӣ намефаҳмӣ, ки зиндагӣ маҷмуаи бешу камист…
- Шояд сабаби аслии дурўғ гуфтанатонро мефаҳмидем.
- Чун Маликаву модараш ва боз бобояшро ба ин ҷо овардӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ.
- О, ман аллакай суханамро гуфтам.
- Сад ҳайф, ки ту дирўз ҳамроҳи Малика ба прокуратура наомадӣ ва ман ҳам дирўз бегоҳӣ вақт наёфтам, ки туро бо рўзгори ин духтараки қавиирода ошно созам, вале қасам ба номи Офаридгор, ки ту ду-се соат пас андешаҳоятро дар бораи ў дигар хоҳӣ кард.
- Ман?
- Ҳа, худат.
- Яъне, ў духтари покдоман аст?
- Ў ҳамсари никоҳшудаи Сафо Боқист ва дар батнаш тифли вайро мепарварад.
- Чӣ?
-Он чӣ шунидӣ. Гуфтам-ку, зиндагӣ маҷмуаи бешу камист ва барои ҳамин намесазад, ки мо нисбати Малика андешаҳои манфӣ дошта бошем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор