Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Фаромӯш насоз, ки ў ва танҳо ў дар кушодани ин ҷиноят ба мо ёрӣ дод.
- Бовар намекунам, о ў худаш гуфт, ки Сафо Боқиро намешиносад.
- Гуфт ё нагуфт, дигар чӣ аҳамият дорад? Акнун рав ва то соати чордаҳ онҳоро ба ин ҷо биёр!
Абдурашид дигар сухане нагуфта аз дар баромад…
«Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад”-ро, ҳар модар пеш аз гусели ҷигарбандаш ба хонаи бахт (хонаи домод) чун ҷиҳози беҳтарине дар гӯши духтараш ҳалқа мекунад…
Меҳрубониҳои Умедаро баъди аз кор баргаштан дида банда ба чунин хулоса омадам. Ў ҳатто моҷарои субҳгоҳиашро ба ёд наовард. Ба назар чунин менамуд, ки фазои ин хонадон ҳамеша ором буду ором хоҳад монд.
Субҳе, ки оғозаш нек набуд, анҷоми нек дод. Ҳарчанд дар рафти кор пешравии ҷиддие ба назар намерасид, вале мо тавонистем Маликаро аз гирдоб барорем. Ҳоҷӣ Карим марди ниҳоят дипломат будааст ва ў тайи чанд дақиқа тавонист Ҷумъа Зокирро ба ҷояш шинонад. Ин буд, ки полковник шикасти хешро ҳис намуда, набераашро бахшид. Ҳарчанд модари Малика амали духтарашро написандида бошад ҳам, вале ў фаҳмид, ки ҷигарбандаш аз ягон рукни ислом берун нашудааст. Нӯшини Азиз ҳам сухани хеш бар он гуфт, ки тифли дар батни Малика буда чун ҳама тифлоне, ки аз никоҳи қонунӣ ба дунё меоянд, метавонад меросхӯри падар гардад ва барои ин ҳамааш шуда боз чанд рукнеро дар асоси қонун иҷро кардан лозим меояду бас. Шояд ҳамаи ҳамин сабаб шуду Ҷумъа Зокир ва келинаш ба санади таслимшавӣ, ки ғалабаи пурраи Маликаро эълом дошт, имзо гузоштанд…
Баъди гусели ҳамаи он нафароне, ки ба милиса омада буданд, ману Нӯшин ва Абдурашид сари масъалаи мазкур бозгаштем ва ба хулосае омадем, ки Маликаи Иброҳимро боз як маротибаи дигар ҳам пурсидан лозим. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки акнун Малика ба мо боварӣ дошт. Ин масъаларо худи муфаттиши прокуратура ба душ гирифта ваъда дод, ки рафту ҳангоми вохўрии навбатӣ ягон гиреҳе аз забони Малика дарёбад, ҳатман моро огоҳ мекунад. Мо ҳар се дар як вақт аз идора берун шудем ва чун Нӯшин дар чорраҳаи аввалин аз мо ҷудо шуд, ману Абдурашид дар кӯчаҳои шаҳр боз хеле гом задем ва ман итминони комил ҳосил намудам, ки дигар Абдурашидро ҳам дар нисбати Маликабону ғуборе дар дил нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор