Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Акнун ӯро ин доғ то қиёмат дунболгир хоҳад шуд. Имшаб дар танҳоӣ мавҷи андешаҳо ӯро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт. Тайи ин чанд рӯзи дар Гулзор будан ӯ бо ҳамдиёронаш хеле суҳбат кард. Ҳар кас дарду доғи дилашро барои набераи бобои Акрам арзонӣ медошт, то ӯ гумон набарад, ки ба ҷуз худи вай дигар касе дарду ранҷро надидааст.
Ҳамчун нафари низомӣ, ки тайи ин солҳо борҳо дар машқҳои ҳарбии Флоти Уқёнуси Ором иштирок намуда буд, чӣ будани натиҷаи пайдошавии авиатсия, гулӯлаборонкуни мавқеъҳои “душмани эҳтимолӣ” ва ҳуҷуми аскарони пиёданизомро дида буд, вале ин ҳама дидаҳояш дар нисбати нақли аз забони ҳамдиёронаш шунида ҳеҷ буд, чунки ҳама он дидаҳояш аз нигоҳи тактикӣ машқҳои озмоишӣ буданд ва ҳайати фармондеҳӣ кӯшиш ба харҷ медод, то ба талафоти ҷонӣ роҳ надиҳад, ин ҷо бошад даҳҳо нафар ҷавонони ҳамсинну соли ӯ, ки ҳатто яроқ надоштанд, қурбони ин дасисабозиҳо шуданд. Мегӯянд дарахтро кирм аз дохили худаш мехӯрад ва то ҷое ки мичман аз забони ҳамдиёронаш фаҳмид, дар ҳодисаҳои ба сари мардуми Гулзор омада низ баъзе фарзандонаш пасту палидии хешро ошкор намуданд, мисли оне, ки боре дар Гулзор як ҳамдеҳааш Нуралии бекасу кӯйро дар дуздидани даҳ рубли сталинӣ айбдор намуда дасту пояшро баста, кордро дар гулӯяш мондааст, то он даҳ рубли зормондаро баргардонад ва хайрият умраш боқӣ будаасту бародари он марди ҷоҳил вориди хона гашта, аҳволро дида асли воқеаро гуфтааст, ки он даҳ рублро ман гирифтам ва ӯро сар додаанд... Сар доданд ин кам аст, бо амри он марди ҷоҳил ба ӯ барои ошкор нашудани ин амали нопокашон як курта ва як кафши нимдошт ҳам туҳфа намуданд, вале “дузд” гирифтани онҳоро рад карда, муддате аз деҳа баромада рафтааст ва сарлучу пойлуч ба хотири ёфтани қутти лоямуте аз як деҳа ба деҳаи дигар мерафтааст ва билохира як бегоҳ ба деҳаи Сафедорон рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё