Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди панҷ дақиқа майори милиса Салимов ва боз ду нафари дигар вориди дафтари кори банда шуданд. Чун Салимов дафтари протоколҳои боздоштшавиро ба ман дод, ман сухани хеш бар он гуфтам, ки шахсеро, ки то омадани эшон ҳамроҳи ман буд, бинобар даст доштанаш дар ҷинояти вазнине боздошт намудан мехоҳам. Сипас ман дар асоси моддаи 412 КМҶ ҶТ хома ба даст гирифта хостам, ному насаби Ҳушнуди Замирро болои протокол, ки стандарти давлатӣ буд, дарҷ намоям, вале дар ҳамин асно муовини сардор майори милиса Раҷабов дарро кушода, вориди дафтари кори банда шуд ва ману Салимов баҳри ҳурмати эшон ба таври низомӣ ўро хайрамақдам гуфтем.

  • Худаш чӣ гап? Чаро навбатдор ин ҷост?
  • Рафиқ сардор, банда бо хоҳиши капитани милиса Сорбони Ҳомид протоколҳои боздошти муваққатӣ ва ана ин ду шахси холисро ба ин ҷо овардам, - ба таври низомӣ гузориш дод Салимов.
  • Рафиқ капитан, киро боздошт мекунед?
  • Ана ҳамин шахсро, - бо ангуштам ба тарафи Хушнуди Замир ишора намуда гуфтам ман.
  • Барои кадом гуноҳаш?
  • Ўро дар ҷурми ҷинояти вазнине гумонбар ҳастем.
  • Дар кадом ҷиноят?
  • Дар куштори Сафо Боқӣ.
  • Чӣ ин кас киллер аст?
  • Не, дӯсти марҳум.
    -Чаро дар ин бора ман хабаре надорам.
  • Чунки шумо нав омадед ва мо натавонистем тайи ин ду-се рўз шуморо бо ҳамаи парвандаҳои мавриди амал қарор дошта шинос намоем.
    Чун Хушнуди Замир фаҳмид, ки мақоми шахси нав вориди дафтари кори банда шуда, аз ману Салимов болост, ба тарафи Раҷабов баргашта гуфт, ки ў гуноҳе надорад, ва афсӯс хӯрд, ки мо ба бегуноҳии ў боварӣ надорем..
  • Магар шахси бегуноҳро ҳам ба ин ҷо меоранд?
  • То кунун ман ҳам дар чунин ақида будам, вале акнун мебинам, ки чунин ҳолатҳо ҳам рух медодааст.
  • Яъне, шумо гуноҳе надоред?
  • Надорам.
  • Рафту агар гуноҳатон собит шавад чӣ?
пешина
аз 441
навбатӣ