Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Намешавад.
  • Ин касро ҷавоб диҳед!
  • О, ин чӣ хел мешавад, рафиқ сардор? - қариб ки лолу ҳайрон шуда гуфтам ман.
  • Чӣ, шумо амри маро нашунидед!
  • Шуморо фаҳмидам, вале бояд шуморо огоҳ намоям, ки ин кас бе гуноҳ нест.
  • Фардо субҳ ба назди ман биё, сари ин қазияи ба сарат омада бо ҳам суҳбат мекунем. Ман итминон дорам, ки шумо гуноҳе надоред. Акнун метавонед равед! Раҷабов - ба тарафи Салимов нигариста гуфт:
    -Ин касро гусел намоед ва чун сари субҳ омад, ўро ба дафтари кори ман биёред.
  • Хуб шудааст, рафиқ сардор, - бо ҳамон таври низомӣ гузориш дод Салимов ва он чор тан аз дафтари кори ман берун шуданд.
  • Аминам, ки ў худи ҳамин шаб ба аёдати Бонози Даврон меравад, - гуфт Сафар Бобохонович.
  • Агар наравад чӣ?
  • Дар он сурат мо мефаҳмем, ки ў гуноҳе надорад.
  • Рафту онҳо маслиҳатро кайҳо пухта бошанд чӣ?
  • Аҷаб нест, вале мо умед бар он мебандем, ки анҷоми кор нек хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки ў ба банда бовар карда бошад, дар он сурат вай наметавонад, ки аз марому мақсади мо бонуяшро огоҳ насозад…
    -Ӯ бовар кард ва шуморо чун наҷотдиҳандаи хеш дид.
  • Намедонам. Хуш бигӯ, ки имрӯз ба мактаб рафтӣ?
  • Ҳа ва аз ҳама муҳимаш он ки номи писари бандаро низ дар сафи аълохонҳо гирифтанду ба ў ифтихорнома доданд.
  • Ин хеле хуб аст.
  • Худам ҳайрон шудам.
  • Чаро?
  • Моҳе пештар ҳамсарам аз болои писарамон шикоят намуд ва бандаро бар он гунаҳкор карданӣ шуд, ки кор гуфта, тайи се моҳе, ки таътил давом дошт, боре ҳам ба мактаб нарафтам ва аз донишу ахлоқи писарамон бехабарам.
  • Аминам, ки дар ин бора аққалан шумо бо писаратон суҳбат намудед?
  • Ҳа, албатта.
пешина
аз 441
навбатӣ