Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Якумаш, он ки бо ҳамсари дӯстатон забон як кардаву ба ӯ хиёнат намудед.
  • Худо худ шоҳид, ки ба чунин амал аввал ту даст задӣ.
  • Шояд ҳамин хел ҳам буд, вале аз ёд набароред, ки мардумони ориф чӣ гуфтаанд.
  • Чӣ гуфтаанд?
  • Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид…
  • Пас чӣ лозим бевафогии худатро дар нисбати шавҳар ба гардани ман бор кардан?
  • Магар ту бегуноҳӣ?
  • Макри шумо занонро ба ҷуз шумо дигар кас надонад.
    -Дурусттараш, «сад макр кунад шайтон шогирди занон бошад». Агар ҳамон лаҳзаҳо ту худро пойбанди шайтон намекардию бо ҳамсари бевафои дӯстат ҳамақида намегаштӣ, ҳоло мо ҳар кадоме бегуноҳии хешро собит намекардем, ё гапам нодуруст аст?
  • Дуруст.
  • Дуюм, оё ту набудӣ, ки бандаро аз рафтани Сафо ба Ҳисор огоҳ намуда ваъда додӣ, ки соати бистусе ба кӯчаи Беҳзод меоӣ. Ё ман дар ин ҷо ҳам дар ҳақи ту туҳмат намуда истодаам?
  • Ман инашро инкор намекунам.
  • Рафту агар ту он вохӯриро намехостӣ, маро чӣ зарурате буд, ки дар он шаби сард, ки шамол чун гург уллос мезад, бистари гармамро гузошта, ба он макон равам, ё дар ҳаминаш ҳам ман гунаҳкорам?
  • Инашро ҳам ман инкор намекунам.
  • Фардо субҳ, ки ба милиса рафтӣ, ана ҳамин гапҳоро гӯй, аминам ки онҳо ба рафтори ту баҳои дуруст хоҳанд дод.
  • Мебинам, ки ту ақлатро хӯрдаӣ.
    -Мӯйдарозон ақлкӯтоҳ гуфтаанд, банда низ чун ҳар як зан аз ба зимма гирифтани он гуноҳе, ки мардон ба души мо бор намудаанд, орӣ нестам, вале ту худ ба хотир биёр ки чӣ тавр аз рӯи мухаббат ба ҳамин мӯйдарози ақлкӯтоҳ ба дӯстат хиёнат кардӣ.
  • Ту ба ман нафрат дорӣ?
  • На.
  • Пас ин ҳама киноя гуфтанҳоятонро сабаб чист?
  • Мехоҳам чашми туро кушоям.
  • Ба кадом хотир?
  • Ба хотири ҳамон тифле ки ман аз ту дар батнам дорам.
пешина
аз 441
навбатӣ