Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чӣ?
- Он чӣ шунидӣ.
- Бовар намекунам.
- Чунин амал танҳо бар зарари худи туст. Ту худ нағз медонӣ, ки духтур ба ману худораҳматии Сафо чӣ тавсия дода буд.
- Бори аввал мешунавам.
- Ҳа, ман дар ин бора ба худат нагуфта будам, вале метавонӣ дар ин бора аз Нигорабону пурсон шавӣ.
- Аз Нигора?
- Бале, ту чӣ Нигораро чашми дидан надорӣ?
- Худат нағз медони, ки ў ба ман маъқул нест.
- Нигорабонуро бо чашми кам набинед, ў зани оқилаест.
- Оё тайи ҳамин як моҳе, ки сипарӣ шуд, ту боре ҳам андеша намудӣ, ки чӣ шуду Сафо он шаб ба кӯчаи Беҳзод рафт.
- Не, шояд ў тасодуфан рафта буд.
- Ман бошам, андешаи дигар дорам.
- Он андешаат то ба ин ҷо омаданат дар сарат чарх мезад ё нав ба хотират омад.
- Нав, дурустараш ҳамин лаҳза ба хотирам омад.
- Агар махфӣ набошад?
- Пеш аз он ки ман андешаи хешро ба шумо гӯям, донистан мехостам, ки оё ту дар бораи муносибати ману худат ба касе даҳон накушода будӣ?
- Шояд гуфта бошам, шояд на, магар ин муҳим аст?
- Албатта, вагарна чӣ заруратест, ки ман шуморо озор диҳам?
- Тахминан шаш моҳ ё бештар аз ин ману Сафо аз рӯи доғи бефарзандӣ баъди ташхисҳои зиёде дар ҳузури духтур будем ва ў он ҳама коғазҳои аз ташхис гузаштаи моро дида гуфт, ки рафту агар фарзанддор шудан хоҳем, бояд аз ҳамдигар ҷудо шуда бо дигаре тақдири хешро пайваста, оила бунёд намоем.
Чун ман Сафоро дӯст медоштам, намехостам аз вай ҷудо шавам, вале боз доғи бефарзандиро ҳам таҳаммул карда натавонистам. Мегўянд, ки заҳри одамро одам мебардорад ва ман доғи дили хешро баҳри Нигорабону арзонӣ доштам… - Ў чӣ маслиҳат дод?
- Ў гуфт, афсӯс ки мо ҷинсҳои латиф қобилияти хешро намедонем.
- Тамом?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор