Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Мо ба ягон ҷо шитоб надорем ва донистан мехоҳам, ки ту чӣ тавр ба намакдони дӯстат туф кардӣ. Мепурсам, ки инкор накун, ки Бонози Даврон тифли ту аблаҳро дар бар дорад…
    -Чунинашро ман интизор набудам. Ба таври дигар гӯем, Сафар Бобохонович алови чашми мусоҳибашро, ки ҳамагӣ дувоздаҳ соат пеш чун ҳимоячӣ ба дифоаш бархеста буд, гирифт. Рангу рӯи Хушнуд Замир канда буд. Дар ин лаҳзаҳо ў сари кадом андеша буд, мо намедонистем, вале мусаллам буд, ки хиёнати аввалини хешро нисбат ба дӯст ба хотир баровардан мехост.
  • Чаро ба даҳон об гирифтаӣ? - қариб ки дод зада гуфт Раҷабов ва бо ин амали хеш хишти аввалинро ба таҳкурсии бинои «ғалаба» гузошт…
    -Рўзи якшанбеи охири моҳи май аз рўи маслиҳати пешакӣ ман ба хонаи Сафо Боқӣ рафтам. Мо бояд ҳамроҳи Сафо ба моҳигирӣ мерафтем...
  • Мо гӯш мекунем, - мусоҳибашро хушдор сохт Раҷабов.
  • Соат ҳануз шаш нашуда буд, ба таври дигар чашми рўз накафида, вале дар охири моҳи май офтоб кайҳо дар сари каторкӯҳҳои Ҳисор парафшонӣ дошт.
    Дарро ба рӯям ҳамсари Сафо Боноз кушод ва ман ҷисми ӯро дар пероҳани ҳарири тагпӯш дида, хостам қафо баргардам, вале ў «бубахшед ман ҳозир” – гӯён аз либосовезаки пушти дар хилъати зебоеро ба китфонаш гирифта, ба қавле ҷисми зебои хешро аз нигоҳи бад чун девори Бузурги Чин ҳифз намуда гуфт:
  • Чӣ ҳамин хел пушти дар истодан мегиред, марҳамат ба хона дароед.
  • Сафо канӣ, пурсидам ман дар ҳоле ки ҳанӯз вориди хона нашуда будам.
  • Ў имрўз анча дертар бедор шуд ва ҳозир аз варзишгоҳ гашта меояд ва аз ман хоҳиш кард, ки то омаданаш шуморо бо як пиёла чой зиёфат намоям.
    Ман вориди хона шудам ва бо ҳидояти соҳибхона ба ошхона рафтам.
    Соҳибхона газро фурӯзон намуда, чойҷӯшро болои он гузошта илова намуд:
    -Ҳозир чой тайёр мешавад.
  • Лозим нест, дар ин субҳи солеҳон иштиҳои чойнушӣ надорам,-гуфтам ман.
пешина
аз 441
навбатӣ