Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Сафо биёяду фаҳмад, ки ман қадри дӯсташро ба ҷой наовардаам, дар пӯстам коҳ ҷой мекунад, - бо нимтабассуми зебое гуфт ў.
- Сафо ҷони одам. Мо аз хурдӣ як ҷо калон шудагӣ, ман аз ў як умр қарздорам.
- Наход?-боз бо ҳамон чеҳраи кушод гуфт Боноз.
- Бе шӯхӣ мегўям.
- Майлаш, ман ҳозир, - гўён Боноз маро дар ошхона танҳо гузошта худ баромад ва баъди як ё шояд ду дақиқа ман овози имдодхоҳонаи ўро шунидам ва аз ҷой бархоста чанд қадам гузошта будам, ки боз садояш баландтар шуд, ки мегуфт: «Оҳ поям шикаст…»
Аз рўи овоз ман фаҳмидам, ки ў дар ванна аст ва ба дар ангушт задам, ки мабодо ўро дар ҳолати ногувор нагузорам. - Оҳ поям шикаст! - гуфт ў боз ва илова намуд, ки дар кушода аст.
Ман дилу бедилон он дарро кушодам ва чун дидам, ки хилъат дар тани Боноз аст, каме осуда шуда гуфтам, ки ҳозир ҳамсоязанро ҷеғ мезанам. - Лозим нест, ҳамсоя ҳоло дар хоби ноз аст, Беҳтараш ёрӣ диҳед, ки ман то болои бистари хобам равам. Чун Сафо биёяд баъд ба духтур меравем. Оҳ поям, оҳ поям шикаст! - дод гуфт ў.
Ман хостам аз дасташ бигираму баҳри аз ҷой бархестанаш ёрӣ диҳам, вале …
-Мо гӯш мекунам,-боз мусоҳибашро аз байни андешаҳо бурун оварда гуфт муовини сардор. - Ман ҳатто нафаҳмидам, ки Боноз чӣ тавр дастонашро дар гарданам ҳалқа намуд. Агар ў худ ба чунин амал даст намезад, ба ҷонам қасам, ки банда ҳаргиз қобилияти ба чунин амал даст заданро ҳам надоштам.
- Оҳ поям шикаст, оҳ поям шикаст! - боз доду фиғон бардошт ҳамсари Сафо ва ман маҷбур шудам, ки ўро дар чунин вазъ то болои бистари хобаш, ки ҳанӯз ғундошта нашуда буд, барам. Ҷисми ўро бо эҳтиёт болои бистар гузошта, хостам қоматамро рост, намоям, вале ба ҷои он ки Боноз дастонашро аз гарданам раҳо созад, бо як қувваи зиёде бандаро ба сӯи хеш кашид ва ман ки мунтазири чунин амал набудам, мувозинатамро гум намуда болои ў афтидам. Оне ки то кунун аз дарди пой оҳу навҳа мекашид, чун даранда маро ба сӯи хеш мекашид ва девонавор лабони пур аз рангашро ба сару рӯй ман мемолид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор