Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Исто, ту чӣ кор карда истодаӣ? Рафту Сафо ояд, ман чӣ ҷавоб медиҳам.
- Натарс, ҷонакам, ман туро мехоҳам, мефаҳмӣ? - гуфт Боноз ва сару руи маро бӯсидан гирифта гуфт, ки агар сар нафарорам, ў худ ба Сафо хоҳад гуфт, ки дар набуданаш ман ба ў дастдарозӣ намудам.
- Бовар намекунам, ман охир, охир ман гуноҳе надорам.
- Ман туро мехоҳам тамом ва салом ва агар ту лаҳзае бандаро хушбахт намоӣ, осмон омада ба замин намерасад ва агар не, ман бо нафрати хеш туро дар чашми дӯстат чунон сияҳ намоям ва на танҳо дар чашми дӯстат…
- Ҳамаи инро дар рӯ ба рўи Бонози Даврон гуфта метавонед?
- Илтиҷо мекунам, ба ман раҳм намоед.
- Ҳамааш ба худи шумо вобаста.
- Ман як умр дар хизмати шумо, ако.
- Барои мо ягон хизмати ту лозим нест, фақат мо донистан мехоҳем, ки чӣ тавр шуду Сафо Боқӣ шаби 27 ноябр ба кӯчаи Беҳзод рафт.
- Ба фикрам, касе дар бораи муносибати ману ҳамсараш ўро огоҳ карда буд.
- Ба андешаи шумо он кас кист?
- Ман намедонам, вале гумон мекунам, ки агар шумо бо ҳамсари Сафо Боқӣ суҳбат намоед, ба хулосае хоҳед омад.
- Оё шумо дар ин бора бо Бонози Даврон суҳбат накардаед?
- Инкор намекунам, вале нуқтаи назари мо дар атрофи ин қазия бо ҳам мувофиқ наомад.
- Шумо нуқтаи назари хешро гӯед.
- Аз шумо дигар чӣ ҷои пинҳон намудан, модоме ки шумо дишаб бандаро дунболгир шудаву то манзили Бонози Даврон гусел намудаед. Шуморо бовар мекунонам, ки ҳарчи аз забони банда мешунавед таърихи на беш аз даҳ-дувоздаҳсоата дорад.
-Мо бовар мекунем. - Дишаб айнан ман чунин саволро ба Боноз додам. Ў бори аввал баъзе асрорҳои ниҳонашро бароям рӯшан кард.
- Давом диҳед.
- Тахминан шаш ё ҳафт моҳ пеш Бонозу шавҳараш аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаштаанд ва ба гуфти худи ў духтур ба онҳо тавсия додаст, ки агар фарзанддор шудан хоҳанд бояд вз ҳамдигар ҷудо шуда, тақдири хешро бо дигаре пайванданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор