Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо қариб соате дар кӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон гаштем ва баҳри аз чашми бадгӯён дуртар будан қарор додем муддате аз ҳамдигари дурӣ ҷӯем. Рӯзи ҷаноза ман ба манзили онҳо рафтам ва боз аз рўи ҳамон қавли ба Боноз додаам, аз ў канораҷӯӣ намудам ва дишаб чун шумо бандаро нияти ба ҳабс гирифтан намудед, ба қароре омадам, ки ўро аз ин амали шумо огоҳ созам.

  • Мо донистан мехостем, ки ҳамон шаб ўро дар тан чӣ либосе буд?
  • Ў дар тан боронии сиёҳи чармин дошт, вале вақте ки аз мошин фаромад, хоҳиш намуд лаҳзае боз сабр намоям. Чун ў қоматашро рост кард, борониашро аз тан бурун оварда, ба салони автомобил гузошта гуфт, ҳангоме ки ба ҷои вохӯрӣ раҳсипор шуд, нафаре ўро бо ҳамин боронӣ дид ва аҷаб нест, ки фардо дар ин бора ба милиса хабар надиҳад. Беҳтараш ту инро ба ягон ҷой чун амонат то рўзу соаташ нигоҳ дор! ...
  • Ҳоло он боронӣ дар куҷост?
  • Тайи як ҳафта ў дар бордони мошин буд, сипас ман онро ба офис бурдам ва дар либосовезаки гарнитури дафтари кори Сафо Боқӣ овезон намудам.
  • Аз нигоҳи қонун дар ҳаракатҳои шумо аломати пинҳон кардани ҷиноят дида мешавад, вале чун мо дида истодаем, ки шумо бо тафтишот ҳамкорӣ кардан мехоҳед, ҳамин амалатон дар рафти тафтишот гумон мекунам чун ҳолати сабуккунандаи кор баррасӣ хоҳад шуд…
    ...
  • Чаро хомӯшед?
  • Чӣ гӯям?
  • Мо донистан мехоҳем, ки чӣ тавр шудаву Сафо Боқӣ аз боло ба поён сарозер рафтааст. Албатта, ин саволро мо додан ҳам намехостем, вале чун худи шумо иброз намудед, ки он шаб соате дар кӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон гаштед ва аз забони ҳамсари марҳум чӣ тавр рӯх додани он фоҷиаро шунидед, мехостем қадами устувори шуморо чун дастгирии тафтишот баҳри рўи об баровардани ҳақиқат бубинем, - гуфт Сафар Бобохонович.
пешина
аз 441
навбатӣ