Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...

  • Хомӯширо пеша кардан ба нафъи шумо нест ва мо танҳо дар ҳолате шуморо аз ин гирдоб берун оварда метавонем, ки ҳақиқати аслиро руи об барорем. Бе дастгирии шумо он ҳақиқат ҳаргиз рўи об нахоҳад омад.
  • Шояд ҳамаи он гуфтаҳои Боноз дар ёди ман намонда бошанд, вале ман кӯшиш мекунам, ки аз рўи қудрату тавони хеш он чӣ Бонози Даврон гуфт, ба ёд биёрам.
  • Шумо на рўи мо гап занед ва на рўи Бонози Даврон.
  • Вақте ки ман ба он маҳал расидам, дар ягон ҷо неруи барқ набуд ва чӣ хеле гуфтам, тасодуфан дар зери рӯшноии чароғҳои мошин Бонозро дидам. Чун ҳама ҷо торик буд, гумон намудам, ки ў дар танҳоӣ баромаданро то ошёнаи панҷум баҳри хуш ҷоиз надониставу акнун нияти ба манзили асосиаш баргаштан дорад. Ман аз гардиши аввалин ба самти чап тоб хӯрдам ва баъди ду ё шояд се дақиқа аз нав бо ҳамон роҳам баргаштам ва чун мошинро боздоштам, ў ҳамоно худро дохили он гирифт ва гуфт, ки мошинро ҳангоми бори аввал аз кӯча гузаштан аз рӯи рақамҳои давлатиаш шинохта буд ва чун банда ба самти чап тоб хӯрдам, ҳол он ки ман бояд ба самти рост тоб хӯрда ба пушти хона мерафтам) ў аниқ намудааст, ки ман ўро дидаму аз нав пас хоҳам гашт, бинобар ҳамин ў худро пушти дарахте гирифта…
  • Ба сари мақсад биёед.
  • Боноз гуфт тахминан ҳашт ё даҳ дақиқа пеш аз ин ҳодиса вориди хона шуда омадани бандаро интизор шудааст. Нохост чароғҳо хомӯш шуданд ва дар ҳамин асно касе дарро кушодааст. Боноз, ки дар оғӯши зулмот будааст, гуфтааст: - Хушнуд, хайрият омадӣ, вагарна ман, дар ин торики қариб тобу тавон аз даст додам…
  • Хушнудро дар он дунё хоҳӣ дид! - шунидааст овози шахси аз дар даромадаро ва фаҳмидааст, ки ба гумон аст дигар ҷон ба саломат барад ва ҳамон лаҳза ба ёд овардааст, ки дар рӯ ба рӯяш ҳайкалчаи биринҷие меистод. Ў палмосида ҳамон ҳайкалчаро ба даст гирифтааст ва дари балконро, кушодааст.
    Шахси аз берун воридшуда аз рӯи овозаш фаҳмидааст, ки ҳамсараш дар куҷост ва шояд палмосида худро ба он ҳуҷра расонидааст. Шояд аз саросемагӣ ё тарс бошад, ки Боноз курсиеро зада чаппа намудааст ва шавҳараш боз аз рўи овоз мавқеи ӯро муайян намуда, бо як ҷаҳиш сайдашро ба даст дароварда буғӣ намуданӣ шудааст ва дар ҳамин асно Боноз бо ҳайкалчаи дар дасташ буда ба сари ў зарбаи на чандон сахте задаст ва чун Сафо гулӯяшро сар додаст, ў худро пушти пардаи тирезаи балкон гирифтаст.
пешина
аз 441
навбатӣ