Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафо шояд гумон намудааст, ки ў дар балкон аст ва боз ҷаҳише намудааст то зани хиёнаткорашро дошта, адабашро диҳад ва бо ҳамон суръат сарозер ба поён рафтааст…
Хушнуд Замир боз ба чанд саволи дигари мо посух гуфта, нишондоди хешро, ки банда стенографисти он будам, хонда, бо имзои хеш онро тасдиқ намуд.
Соате пас дар иштироки муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз мо ба офис рафта, аз рўи нишондоди Хушнуд Замир дар ҳузури холисон он боронии чармини сиёҳро чун далели шайъӣ гирифтем.
Чун барои боздошти Хушнуди Замир дигар зарурияте намонда буд, баъди гирифтани забонхат дар бораи аз ҷои истиқоматаш нарафтан мо бо ў худоҳофизӣ намудем…

  • Рафту ў боз ба назди Бонози Даврон тохта равад-чӣ? - изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз, ки шояд ин амали худсаронаи мо ба ў маъқул нашуда буд.
  • Бо он нишондоде, ки дар дасти мост, Хушнуд Замир то қиёмат аз Бонози Даврон дурӣ хоҳад ҷуст, - муфаттишро ором намуда гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Наход?
  • Рафиқ капитан, агар малоли хотиратон нашавад, аз болои мизи кори ман ҳамон нишондодро гирифта оварда, ба дасти муфаттиш диҳед,-гуфт Сафар Раҷабов.
    Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа нуқтаи назари муфаттиш нисбати ҳодисаи рух дода дар кӯчаи Беҳзод-17 ба куллӣ тағйир ёфт ва мо ҳам лаҳзае нафаси осуда гирифтем.
  • Ман мехоҳам, ки худи ҳамин лаҳза бо Бонози Даврон суҳбат намоям, - гуфт муфаттиш.
  • Шояд пас аз нисфирӯзи ўро ҷеғ занем?
  • Вақт дигар интизор намешавад, - гуфт муфаттиш...

Касе ба дар ангушт зад ва банда гулӯ рӯшан намудам.

пешина
аз 441
навбатӣ