Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мо мутмаин бар онем, ки Офаридгори бузург моро даст гирифту туро бо ҳама ҷурму гуноҳоят рўи об баровард.
Бубин, муддате мо ҳамон занеро ҷустем, ки боронии чармини сиёҳ дошт ва чун ҳангоми кофтуков онро аз манзили шумо наёфтем, гумон намудем, ки шояд онҳое, ки туро бо чунин либос дидаанд, хато карда бошанд. Чун хайр ҳамеша пой дар рикоб ба муқобили шар истодааст, мо на танҳо он боронӣ, балки таърихчаи онро ки чӣ тавр вай баъди кофтуков дар гарнитури дафтари кори шавҳаратон пайдо шудааст, пайдо намудем ва шумо нағз медонед, ки он таърихнавис ё чӣ хеле ки муаррихон мегўянд, «бостоншинос» кист?
Агар намедонед, берун аз ваколатҳои хизматиам ба шумо ўро муаррифӣ мекунам. Ин ҳамон мардест, ки дар он субҳи якшанбеи моҳи май шуморо, ки аз дарди пой доду фиғонро то ба фалак бардоштаед, аз ванна то болои бистари хобатон бурд ва чӣ тавр чун модагург шумо ба вай дарафтодаед. Ин ҳамон мардест, ки шумо дар батнатон тифли ўро мепарваред…
Бонози Даврон хомӯш буд, шояд ў ҳамаи он саҳнаҳоеро, ки муфаттиш рӯи монитори хотираш овард, дар мизони ақл гузошт… Чун ў нигоҳашро аз фарш намеканд, мо вайро лаҳзае ба ҳолаш гузоштем. Аз байн ду ё се дақиқа гузашт, вале ҳамин хомӯшии кӯтоҳ, ки дар дигар маврид мо қариб гузаштани чунин вақтро дарк намекунем, бароямон ниҳоят тӯлонӣ намуд.
-Ман шуморо бовар мекунонам, ки ҳама гуна пофишориҳоятон дигар маъние надорад. То ҷое ки имкон буд, мо шуморо огоҳ намудем. Аслан баҳри мо душворие ҳам надорад, ки тамоми саҳнаи зиндагии моҳҳои охирро ба ёдатон биёрем, вале дар он сурат ба гумон аст тавбаи шумо назди Парвардигори оламиён пазируфта шавад… Боз мегўям, ки моро далелҳои зиёде аз «корномаву корнамоиҳои» шумо дар даст аст, вале худ андеша намоед, ки мақоми тавба чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор