Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Маро ҳам бояд фаҳмед,-ниҳоят лаб ба сухан кушода гуфт Бонози Даврон.
-Духтур танҳо дар ҳолате ба бемор ёрӣ дода метавонад, ки худи бемор аз ў чизеро пинҳон надорад. Агар аз ҳамин нуқтаи назар бо тафтишот ҳамкорӣ намоед, метавонед дар доираи қонун умед ба ёрии мо бандед.
-Дар доираи қонун гуфта чаро дар назар доред?
-Ҳолатҳои сабуккунандаи корро.
-Майлаш, ман ҳамаашро чӣ хеле ки буд, гуфта медиҳам.
-Аминам, вале ман бояд ба шумо фаҳмонда диҳам, ки ба ҷуз оне ки мо ба шумо ваъдаи ёрӣ додаем боз худи қонун ба шумо имконият медиҳад, ки аз ҳамин лаҳза шумо ҳимоячӣ ҳам дошта бошед.
-Ҳарчанд ман аз қонун чандон хабардор ҳам нестам, вале гумон мекунам, ки гуноҳи банда на то ба он дараҷаест, ки маро то таги дор баранд.
-Ин хеле хуб аст, ки шумо доираи гуноҳи хешро аз нигоҳи қонун дар мизони ақл баркашидаед ва дар ҳама ҳолат ихтиёр шуморост.
-Ба ман ягон ҳимоячӣ лозим нест ва ман акнун тайёрам дар чаҳорчӯбаи қонун гуноҳи хешро шуям. Аминам, ки шумо ҳам медонед, ки «хунро бо хун не, балки бо об мешуянд».

  • Шуморо фаҳидам ва акнун ҳамааш ба худатон вобаста.
    -Чӣ хеле ки шумо аллакай ёдовар шудед, дафтари корномаву корнамоиҳои банда саропо доғ аст. Метавон гуфт, ки дар ин дафтар ҳатто саҳфае, ки баҳри ибрати дигарон бошад нест, вале шумо нагуфтед, ки сабаби асоси ин «корнамоиҳо» - и банда дар чист?
    -Маҳз ҳамин ҳолатро мо аз забони худи шумо шунидан мехоҳем.
    -Шумо медонед, ки банда бо Сафо Боқӣ тайи чанд сол сар дар як болин гузоштам.
    -Ба фикрам, ҳашт сол, - гуфт Нӯшин.
  • Аниқтараш то лаҳзаи ба духтур муроҷиат намуданамон ҳашт солу ду моҳу нуздаҳ рӯз.
  • Оё шумо боре андеша накардаед, ки канӣ маҳсули он зиндагии ҳаштсола. Шуморо ман мефаҳмам, чунки дар чунин вазъият набудед ва илоҳо ҳаргиз ба чунин вазъи ногувор ҳам наафтед.
пешина
аз 441
навбатӣ