Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар аввали суҳбат шумо гуфтед, дурусттараш моро ба андеша водор намудед, ки ҳашт солу ду моҳу нуздаҳ рўз бо Сафо Боқӣ дар як болин сар гузоштеду маҳсули он зиндагиро надидед.
-Ин ҳама ба Нигорабону чӣ дахл дорад?
-Охир ў ҳам зан аст, ўро ҳам синну солаш рафта истодааст, пас чаро ў низ чун шумо андеша накунад, то аз зиндагии хеш нишонае дарёбад.
...
-Чаро хомӯш шудед?
-Сари он ҳама гуфтаҳои шумо андеша дорам.
-Хуш, ба кадом хулоса омадед?
-То ба хулосаи дурусте омадан ҳоло вақт ҳаст, ман мехоҳам суханҳои гуфтаи Нигораро ба ёд биёрам.
-Мо ба ягон ҷо шитоб надорем,-гуфт муфаттиши прокуратура.
-Он рўзе, ки ман бори аввал аз асрори ниҳони хонадонамон Нигораро огоҳ намудам, ў як сухан гуфт.
-Моро ҳушу гӯшамон ба шумост, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Нигора гуфт, ки афсӯс мо ҷинсҳои латиф қобилияти хешро намедонем. Баъд ман сари ин гуфтаҳо хеле андеша намудам ва аз оқибати он шумо огоҳ ҳастед, ба таври дигар гӯем, ғояи асоси ҳуҷуми банда чун модагург аз ҳамин ҷо сарчашма гирифт…
-Бубинед, шумо сари гуфтаҳои вай андеша намуда, ҳатто чорае ҳам дидед, пас чаро бовар намекунед, ки ў сари ҳамаи он гуфтаҳои шумо андеша накарда бошад?
-Нигора зани озод аст, дар Амрико чанд сол буд, наход ў дили марди озодеро мусаххар карда наметавонист, ки ба чунин амал даст мезадааст.
-Шумо худ ба ў хабар додед, ки Сафо ба наздикӣ метавонад озод гардад ё нагуфтед?
-Гуфтам.
-Шояд ў хостааст, ки дар зиндагӣ ҷойи шуморо иваз намояд.
-Чаро ҷойи маро? Охир ў дугонаи ман аст, наход ў аз бадбахтии дугона бахт ҷуё шуда бошад?

пешина
аз 441
навбатӣ