Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-“Бовар макун ба дӯстат, ки коҳ ҷой кунад дар пӯстат” ва мо ба чунин хулоса омадем, ки дар ин кор роҳбаладе ба ҷуз дугонаатон дигар касе нест.
-Бовар намекунам, бовар намекунам, - гуфт Боноз ва мо бори аввал дар чашмони ў ҳалқаи ашкро дидем. Тайи ин муддат шояд ў бори аввал сари ҳамин масъала фикр кард.
-Аслан ин дигар муҳим нест, ки шумо бовар мекунед ё не, мо фақат хостем чашми шуморо ба зиндагӣ кушоем.
-Сипосгузорам.
-Акнун мо асли воқеаро донистан мехоҳем, яъне чӣ хел шуду ҳамсаратон аз ошёнаи панҷум ба поён рафт…
-Соати 2250 дақиқа ман пой ба остонаи он хона гузоштам.
Дар ҳоле ки дарро мекушодам, аз хонаи ҳамсоя садои тифли навзод, ки бо гиряи хеш шояд хонаро ба сар хезонданӣ буд ва аллагӯйҳои модараш Ҳанифабонуро шунидам. Аз шунидани овози алла дилам гум зад ва дар ҳоле ки аллакай вориди хона шуда будам, муддате боз гӯш ба аллагӯиҳои Ҳанифабону додам. Борониамро кашида, ба либосовезаки пушти дар овехта, калидҳоро ба кисаи борониам андохтам.
Сипас ба ҳуҷраи хоб гузашта, дари онро, ки ба тарафи балкон кушода мешуд, кушодам то ҳавои ғализи хонаро дур созам… Шояд як-ду дақиқа аз пушти ҳамон дар ба берун нигоҳ намудам. Дар ҳамон лаҳзаҳо шамол уллос мекашид ва агар ман интизори омадани Хушдил намебудам, дарро ҳамоно мепӯшидам. Ман аз ҳамон дари кушода ба пушти бино менигаристам, то бубинам Хушдил омад ё не, вале ягон мошине ҳам, ки боиси таваҷҷуҳи банда гардад, ба он самт тоб нахӯрд… Чун мо чанд маротиба бо Хушдил дар он манзил будем, ман худ калидамро ба вай дода гуфтам, ки баҳри хеш ҳам чунин калид тайёр намояд, то касе ўро пушти дар набинад. Дар ҳоле ки дар ҳанӯз кушода буд, ман ба назди он гарнитури хориҷӣ, ки аз собиқ соҳибхона монда буд, рафтам ва ба китобҳои дохили он назора кардам, то яке аз онҳоро баҳри вақтгузаронӣ интихоб намоям. Дастамро бардошта хостам, китоберо гирам, ки чароғҳо яку якбора хомӯш шуданд…
Аз чойник як пиёла чой рехта ба дасти мусоҳибамон додам. Бонози Даврон ду-се қулт аз он чойи кайҳо хунукшуда ба гулӯяш рехта, пиёларо болои миз гузошт.

пешина
аз 441
навбатӣ