Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Гумон кардам, ки ў дигар маҷоли сухан кардан ҳам надорад.
-Шояд суҳбатамонро баъдтар давом диҳем? - вазъи ўро дида гуфт муфаттиш.
-Не, не, ман ҳозир.
-Беҳтараш ором шавед, баъд суҳбат мекунем.
-Ҳамааш аллакай гузашт, - гуфт Боноз ва боз риштаи суханро ба даст гирифт.
-Чун чароғ хомӯш шуд, ман дар торикӣ лаҳзае дар ҷоям лолу карахт мондам. Дар ҳамин ҳолат касе дарро кушод ва ман худам овоз рӯшан намуда гуфтам:
-Хушдил, хайрият омадӣ, вагарна ман дар ин торикӣ талхакаф мешудам.
-Хушдилро акнун дар он дунё хоҳӣ дид, фоҳиша. Чун бо ту ҳисобамро баробар намоям, Хушдилро ҳам аз қафоят ба он дунё хоҳам фиристод…
Ман дар ҷоям шах шудам ва ба ёд овардам, ки дар рӯ ба рўям ҳамон ҳайкалчаи Суқрот истодааст. Дигар ҷои истиҳола набуд ва ман палмосида-палмосида он ҳайкалчаро ёфтам. Чун ҳайкалчаро ба даст гирифта будам, ки «қотилам» ҳам вориди ҳуҷраи хоб шуд. Чун чашмони ман аллакай ба торикӣ одат намуда буданд, баробари суроби Сафоро дидан ман қафотар рафтам ва ба нохост курсиеро зада чаппа намудам. Ана дар ҳамин лаҳза Сафо бо як ҷаҳиш маро ба чанг оварда, дасташро ба гулӯям бурда, маро буғӣ карданӣ шуд.
-Фоҳиша, ин аст муҳаббати ту, ки ҳар шаб ба гӯшам тутивор мехонӣ. Ман аз худат ҳам безор ва аз он тифли ҳаромии дар батнат буда ҳам. Чӣ ман намедонам, ки он тифл аз кист, акнун метавонӣ калимаатро арза намоӣ, ман ба ту ваъда медиҳам, ки падари тифлатро ҳам аз қафои ҳардуят ба он дунё хоҳам фиристод. Гумон мекунам барои шумо ду палид шуда касе ҳам маро ба дор намекашад. Шояд баъзеҳо хурсанд ҳам мешаванд. Хас каму ҷаҳон пок, акнун дидорҳо дар қиёмат…
Ана дар ҳамин лаҳза дар замоне, ки ў гулӯи маро мефишурд, ман бо он ҳайкалчаи дар дастам буда ба сари ў зарба задам ва ў оҳ гуфта гулӯямро сар дод. Ман худро то пеши дари балкон расонидам ва он дари нимроғро дурусттар кушодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор