Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ман он лаҳзаҳо чанд қадам ба самти ғарб гузошам ва худро пушти дарахте гирифтам, чун он мард гузашта рафт, ман боз дар ҳамон ҷо рӯйи роҳ баромадам ва лаҳзае нагузашта Хушнуд мошинро паҳлуям боздошт ва банда ҳамоно худро дохили он гирифтам…
Сипас ман ӯро ба рафти воқеаҳо шинос намуда гуфтам, ки Сафо бо ман чӣ кард. Мо соате мошинсавор дар кӯчаҳои шаҳр гардиш намудем. Ин ба он хотир буд, ки ман каме ором шавам. Хушдил гуфт, ки ба гумон аст ҷисми Сафоро то рўзи дигар касе дарёбад. Ман гуфтам, ки ў он чунон овози имдодталабонае баровард, вале Хушдил бандаро ором намуданӣ шуда гуфт, ки осуда бошам ва танҳо бо ором шудан метавонам шубҳаро аз хеш дур намоям. Ў соате пас маро дар наздикии хона фаровард. Чун аз мошин берун шудам, ба ёд овардам, ки Хусрав Раҳим маро бо боронии чармин дида буд, аз ин рў борониамро аз тан кашида, ба салони мошин гузошта гуфтам, ки то вақту соаташ онро дар ягон ҷо пинҳон намояд.
-Пештар касе онро дар тани шумо дида буд?
-Не. Дар моҳи сентябр онро Сафо аз Бишкек оварда буд ва на як то.
-Дигарашро барои кӣ?
-Намедонам, вале чун ман онҳоро дидам, дилам каме дур рафт, гуфтам шояд онро барои ягон маҳҷабине овардааст, вале Сафо ҳардуи онро ба ман дода гуфт, ки метавонам яке аз онҳоро ман ба ягон дугонаам туҳфа намоям.
-Аминам, ки шумо ҳам онро ба ягон кас тақдим намудед?
- Бале, ман яке аз онҳоро ба Нигораи Собир додам, шояд ин туҳфа ба ҳамон хотир буд, ки ў маро бо ман шиносонд.
-Чӣ хел шуморо бо шумо шиносонд? - пурсид муфаттиш?
-Охир ба чӣ қобилият доштани ҷинси латифро ман аз забони ў шунидам ва бо ҳаракате тавонистам ба дили оне ки худро дӯсти ҷонии Сафо медонист, пайкон занам. Дар он шабу рўз, вақте ки Сафо дар Бишкек буд, Хушдил ҳар шаб ними бистари маро гарм мекард ва натиҷаи он вохӯриҳо ҳам акнун назаррас аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор