Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шумо гуфтед, ки ҳамсаратон аз сарторик шуданатон бохабар будааст.
-Ин суханро аз забони ў дар ҳамон лаҳзае шунидам, ки чун кабӯтар дар чанги боз будам. Сафо дар ҳоле, ки маро буғӣ кардан мехост, аввал руҳамро шикастан хост. Ў гуфт, ки «фоҳиша ин аст муҳаббати ту, ки ҳар шаб тӯтивор ба гӯшам мехондӣ? Ман аз худат ҳам безор ва аз он тифли ҳаромии дар батнат буда ҳам! Чӣ, гумон мекунӣ, ки ман намедонам он тифл аз кист, акнун метавони калимаатро арза намои!»
-Шояд ў худаш дарк намуда бошад, ки ту сарторик шудаӣ?
-Не, тифл акнун нав семоҳа мешавад, дар он шабу рўз ӯ чизеро дарк карда ҳам наметавонист.
-Дар бораи ҳомила буданатон то лаҳзаи марги Сафо ягон кас медонист?
-Дар ин бора ман ба касе сухан нагуфтам, вале Нигора боре пурсид, ки ба фикрам Боноз ту дуҷон шудаӣ.
-Шумо чӣ гуфтед?
-Ман фақат сар ҷунбонда, фикри ўро тасдиқ намудам.
-Ў напурсид, ки падари тифл кист?
-Не, вале аз рўи суханҳои чанд моҳ пештар гуфтаам, шояд ба хулосае омад…
-Ба кадом хулоса?
-Ман ба ў хулосаи духтурро нарезондаю начаконда гуфта будам, магар ҳамин баҳри ба кадом хулоса омадани вай кофӣ набуд?
-Ҳа, албатта,-гуфт муфаттиш.
-Наход Нигора, бовар намекунам, ки ў чунин палид бошад.
-Барои оромии хотири шумо мо аз ду сар ўро ба ин ҷо даъват хоҳем кард.
-Ман мехоҳам як бор ба чашмони ў нигарам.
-Гумон мекунам, ки рўзе мешаваду мо шуморо рў ба рў менамоем, рў ба рўкунии расмӣ ва шумо метавонед ба вай савол диҳед диҳед.

  • Сипосгузорам.
  • Мехостам фаҳмам, ки шумо хабари ба Ҳисор рафтани шавҳаратонро аз забони кӣ шунидед? - пурсид муфаттиш.
пешина
аз 441
навбатӣ