Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-“Гули марг” гуфт Сорбони Ҳомид ва бо иҷозаи сарвари идора аз дар баромад...


  • Тавба! - аз дар даромада гуфт кампири Зуҳро.
  • Чӣ гап шуд, ки ин қадар тавба дорӣ, - пурсид шавҳараш мӯйсафеди Қодир.
    -Тавба, аҷаб замонае шудааст мардак, оне ки кор мекунад, базур зиндагиашро пеш мебарад, вале нафаре ки дасташро ба оби хунӯк намезанад, зиндагии шоҳонае дорад.
    Мӯйсафед, ки қобилияти ҳамсарашро дар “кашфи” ҳодисаҳои аҷибу ғариб нағз медонист, ба хулосае омад, ки Зуҳро нисбати боз кадом як қонуншикане мавод гирд овардааст. Албатта, Зуҳроро дар маҳалла беасос полковники милиса намегуфтанд. Ҳамаи ин албатта нишонае аз саҳми кампири Зуҳро дар мубориза алайҳи нафарони пой болои қонун ниҳода буд ва маълум ки кас ба чунин унвони баланд яку якбора “мушарраф” намешавад.
    -Кампир, боз ягон кашфиёт намудӣ чӣ бало?
    -Тайи як ҳафтаи охир бачаҳои Зарифи ҳамсоя бисёр олуфта шуданд, ҳарду писараш яку якбора соҳиби нимпалтои чармин ва дар гардани духтараш шаддаи қиматбаҳо пайдо шудааст.
    -Ба Худодода ситеза макун, занак, - ҳамсарашро ба қавле огоҳ намуд мӯйсафед.
    -Чӣ, ба андешаи худат онҳо хазина ёфтанд ё мероси калонеро соҳиб шуданд?
    -Чӣ хеле ҳам набошад, аз хотир набарор, ки онҳо ҳамсояҳои мо ҳастанд ва аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст.
    -Бетарафӣ кори хуб нест, вале намедонам чаро худат сари ҳамин масъала боре андеша накардӣ, ки накардӣ?
    -Оё гуфтан намехоҳӣ, ки чаро умри хешро ҳамроҳи ту барин моҳе гузарондаву “моҳ” нашудам, - талх карда гуфт мӯйсафеди Қодир.
    -Ҳеҷ аз ҳамин киноя гуфтанат намондӣ, ки намондӣ, пас куҷост қарзи шаҳрвандии ту?
пешина
аз 441
навбатӣ