Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Як гӯшаашро.
-Хуб онро чӣ хел дидӣ?
-Сохтмонҳояшро дар авҷ ва ояндаашро дурахшон.
-Муҳимаш, ки сулҳу салоҳ пойдор шуд ва оҳиста-оҳиста шаҳр ҳам рангу таровати нав хоҳад гирифт.
-Кремлро ҳам яку якбора бино накардаанд ва банда ҳам дуогӯи онам, ки Душанбе ҳамчун шаҳри орзуҳоям ҳамеша чун нигине дар ангушттарини замин бошад...
- Боз чӣ қошу қавоқат овезон?
- Имрӯз як милиса омада буд.
- Хайр чӣ?
- Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад.
- Муаммогӯиатро бас кун.
- Ҳамон милиса гуфт, ки Каримҷон-акаро дар қатли кадом як сокини пойтахт гумонбаранд ва ӯро ҷустуҷӯ доранд.
- Ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин нест. Карим дар умраш пашшаеро озор додагӣ нест. О ба вай милиса нагуфтӣ, ки иштибоҳ аз ин зиёдтар намешавад?
- Гуфтам ва боз як қатор гапҳои дигарро ҳам илова намудам.
-Чӣ хел гапҳои дигарро?
-Гуфтам, ки ҷиноятҳои дар зери биниатон рухдодаро намебинеду то ба куҷоҳо чанг меандозед.
-Аз ҳама ин гапҳо чӣ суд, модоме таги гапро нафаҳмидӣ.
-Таги гапро чӣ хел мефаҳмидам, модоме ки худи он милиса балоро ҳам намефаҳмид. Ҳа, дарвоқеъ, он кас хоҳиш карданд, ки шумо ҳар чӣ тезтар ӯро бубинед.
-Агар чунин аст, пас ман рафтам, - гуфт Абдулхайр ва аз дар баромад...
Капитани милиса Сорбони Ҳомид, ки дар асоси
супориши Тоҳир Солеҳ ба хонаи Исроил Фотеҳ омада буд,
Зулайхоро наёфт. Ба саволи хеш, ки Зулайхо ба куҷо рафтааст ва кай бармегардад, аҳли оилаи амакаш чизе гуфта натавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё