Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба Воҳид Камол занг зада, омадани муфаттиши прокуратура ва нафареро аз зердастони гурӯҳи хеш ба ҷойи ҳодиса талаб намудам.
-Яъне, куштор? - пурсид сарвари милиса.
-Ҳамин хел, рафиқ полковник...


Ба дерии вақт нигоҳ накарда, соате пас аз анҷоми кор сарвари милиса ҳамаи нафарони ба ҷойи ҳодиса рафтаро ба дафтари кориаш даъват намуд. Чун ин хабарро навбатдор ба мо расонд, дигар чӣ ҳам мегуфтем. Дар вақти таъиншуда ба дафтари кории Воҳид Камол рафтем ва муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шарифро ҳам он ҷо дидем...
Бо талаби сарвари милиса муфаттиши прокуратура, ҳуқуқшиноси дараҷаи аввал Фурӯғи Шариф натиҷаи корро дар манзили Фирӯзи Файз мавриди муҳокима қарор дод ва ҳайати гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ҳушдор сохта, ибрози назар намуд, ки наёфтани олоти ҷиноят болои мушкилоти ба сари тафтишот омада мушкилоти дигареро зам мекунад. Чун аз хулосаи ташхис бармеояд, ки ба сари мақтул бо асбоби кунд зарба задаанд, бояд ҳамагон андеша намоем, ки он чӣ гуна асбобест ва оё қотил онро метавонист аз он манзил берун барорад. Имрӯз ҳангоми пурсиш ман аз соҳибхона Фирӯзи Файз дар ин бора пурсон шудам, вале эшон бандаро бовар намудан хост, ки аз манзили онҳо чизе гум нашудааст.
Шояд ҳамин хел ҳам бошад. Пас оё намегӯед, ки қотил он асбобро бо дасти хеш оварда ва пас аз иҷрои амали нопокаш дубора ба таваккал роҳ додаву аз он бино берун бурдааст?
Албатта, ҳар як нафари дар ин маҳфил ҳузурдошта таҷрибаи кофии корҳои ҷустуҷӯиро дорост, вале таҷриба таҷрибаю ба андешаи бародарони рус “Хонум Удача” ҳам дар баъзе мавридҳо метавонад дастгири мо шавад, агар...
-Агар чӣ? - пурсид кадоме аз нишастагон.

пешина
аз 527
навбатӣ