Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Агар мо олоти ҷиноятро дарёбем. Ҷустуҷӯи он метавонад моҳҳо тӯл кашад ва шояд ҳолате сабаб гардаду аз кунҷаке бе ягон душворӣ мо онро дарёбем, - гуфт муфаттиш.
-Дар хулосаи ташхиси тиббӣ омада, ки зарба аз пушт бо асбобе расонида шудааст, паҳлуҳояш тез нестанд ва чун тариқи як зарба қотил сайдашро ба ҳалокат расондааст, ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта буда, нисбат ба мақтул қадаш баландтар аст.
-Ба гуфтаи шумо аз нигоҳи ташхис он асбоб метавонад зарфи шишагин ҳам бошад? - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф.
-Ҳамааш ҳамин хел аст.
-Таваҷҷуҳи шуморо ба зарфи шишагин танҳо кундалангии он бедор намудааст ва ё ҳамаи инро сабабҳои дигаре ҳаст?
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар байни хуни лахташудаи болои қолини меҳмонхона пораи хурди шишапора ёфт шудааст ва мо то кунун намедонем, ки он чӣ тавр ба хун омехта шудааст.
-Шояд он шишапора болои қолин будаву тасодуфан сипас ба хун омехта шудааст?
-Чунин ҳолатро ҳам инкор карда наметавонем.
-Андешае ба сарам омад агар рухсат диҳед.
-Марҳамат.
-Чаро мо то кунун андеша накардем, ки биноҳои баландошёна бо қубурҳои ахлотпартои муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Гумон намекунам, ки қотил олоти ҷиноятро, агар он зарфи шишагин бошад, бо худ ба берун бурда бошад.
Рафту агар онро партофта бошад ҳам, ба ҳамон қубур партофтааст, охир ӯ шишаи холии вино ё шампонро бо худ гирифта намебарад, - гуфт лейтенанти милиса Ҷомии Шариф.
-Пас чаро мо худи ҳозир аз пайи ҳамин кор нашавем?- ибрози назар кард муфаттиш.
-Кори шаб хандаи рӯз гуфтанд. Илова бар ин, биное, ки Фирӯзи Файз ва ҳамсараш Мижгона зиндагӣ доранд, аз ҳаждаҳ ошёна иборат аст ва рафту аз ҳар ошёна як зарфи шишагинеро баъди истеъмоли вино ё шампон ба қубури ахлот партофта бошанд чӣ?

пешина
аз 527
навбатӣ