Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аслан тайи қариб ду ҳафтаи охир мо дар атрофи ду нафаре давр зада будем, ки дар ду шакл байни 15 дақиқа вориди бинои 59/6-и кӯчаи Бухоро шудаву аз он ҷо бурун омада. Ҳарчанд Сабоҳати Комил симои нафари воридшударо ба лавҳи хотираш гирифтаст, дар асоси талаботи қонун мо баҳри муайян намудани шахсияти “хизматчии барқ” чорае наандешидем. Дар асл дар самти корҳои ҷустуҷуӣ ин камбудии аввалину охирини мо набуд. Боиси таассуф буд, ки тайи ин муддат мо қариб ҳамаи иштирокчиёнеро, ки метавонистанд дар ҳодисаи аввал даст дошта бошанд, умуман ба гӯшаи фаромӯшӣ додем. Чун мо дар бораи он ду нафари шубҳанок, ки дар байни 15 дақиқа яке вориди бино шудаву дигаре аз он ҷо берун омада буд, ба ҷуз аз аксҳои ғайриинтизори худи онҳо ба камераҳои муқобили бино афтида, дигар маълумоте дар даст надоштем, бо роҳи дедуктивӣ мавриди назар қарор додани ҳаракати онҳоро ғайриқабул шумурда, ба нозири минтақавӣ капитан Хоҷаев занг зада, ҳозиршавии Сабоҳати Комилро ба милиса талаб намудам.
-Соате пештар ӯро ба назди муфаттиши прокуратура фиристодам, - хабар дод нозири минтақавӣ.
Акнун ба ёд овардам, ки дар бораи даъвати Сабоҳати Комил ба прокуратура дишаб сарвари гурӯҳи тафтишотӣ ҳам ҳарф зада буд. Аз чунин ранг гирифтани кор каме осуда шуда, андешаҳои бикрро аз натиҷаи пурсиши шоҳиди аввалин дар замирам ҷой дода, аз рӯй нишондоди бонуи дарбон ба тавсиб расонидани фотороботи “хизматчии барқ” - ро каме ба таъхир гузоштам. Дар нимаи дуюми рӯз огоҳӣ ёфтам, ки муфаттиши прокуратура Сабоҳати Комилро муваққатан ба ҳабс гирифтааст. Гумон кардам Ҷомии Шариф дар ин бора огоҳии бештаре дорад ва аз ҳамин лиҳоз ба ӯ занг зада аз бурду бохтҳояш пурсон шудам. Чун фаҳмидам, ки шогирд аз чунин шакл гирифтани кор бехабар аст, ӯро аз рафти кор огоҳ намудам. .

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо