Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин гуноҳи худи мо буд, ки тайи чанд рӯзи охир аз рафти корҳои ҷустуҷӯӣ шуморо огоҳ карда натавонистем. Акнун мо аз рӯйи чанд назария кор карда истодаем.
-Тайи як моҳи охир шумо бандаро бо ҳамин ваъдаҳо таскин медиҳед, лекин ҳамаи талошҳоятон ҳаракат дар дохили нақби торику беохирро ба ёд меорад.
-Дар охири нақб хоҳу нохоҳ мо то ба рӯшноӣ мерасем.
-Рӯшноӣ дар охири нақб, ё чӣ хеле мегӯянд! “Аз ноумедиҳо басо умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст.” Аслан гуворост шунидани ин сухан, вале кай мо аз он нақби торик берун мешавем?
-Он марҳила дур нест.
-Мутмаъинед?
-Гапи афсар якто.
“Сухан бишканад минбару дорро.” То куҷо қавлу қасами банда, ки дар каломи гапи афсар таҷассум ёфтаву ба гӯши афсари дигар таъсир намуд, чизе гуфта наметавонам, чунки бо шунидани ҳамон сухани ба андешаи кунунии банда сеҳрнок, Воҳид Камол бо овардани нутқи кӯтоҳу хайрбодии хеш “мардро лафзаш ҳалол “ нигоҳи сардашро ба сӯям дӯхта, “Аз пай кор шавед” - гуфт. Ӯ чун рӯзҳои пешин ҳатто нагуфт, ки чӣ бояд кард. Ҳангоми дарро аз самти муқобил пушидан дидам, ки эшон боз тамоку даргиронд ва эҳтимол дар зери фаввораи ҳамон дуд дигарбора сари ваъдаҳои банда андеша хоҳад кард. Ҳангоми ба назди сардор даромадан котибааш ҳанӯз наомада буд. Акнун ӯро сари компютер дидам, ки аз рӯйи коғазҳои дар пешаш буда чизе менавишт. Чун нигоҳи банда бо нигоҳаш бархӯрд, лаҳзае ҳам бошад, компютерро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, аз ҳолу аҳволам пурсон шуда хабар дод, ки ин субҳ каме ба кор дертар омад ва то кунун имкони чопи ҳисоботи солонаро наёфтааст. Ӯ боз чизе гуфтан мехост, ки Воҳид Камол аз натиҷаи чопи ҳисоботи солона пурсон шуд ва чун ӯ то кунун супориши эшонро иҷро накарда буд, бо ман худоҳофизӣ намуда, барои худсафедкунӣ ба дафтари кории сардори милиса рафт...
Ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари корӣ шуда, ба хотири дигарбора сари як нуқта гирд овардани андешаҳо харитаи ҳанӯз дар соли кӯҳан ба тавсиб расонидаамро аз ғалладон гирифта, болои миз паҳн намуда, чун ҳама сардори ситодҳо нигоҳи ҷӯёи савол будаамро болои он дӯхтам.

пешина
аз 527
навбатӣ