Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чунки дар ин бора мо дар аввал чандон таваҷҷуҳ зоҳир накардем ва сари ин муаммо пеш аз ҳама Ҷомии Шариф рӯшанӣ андохт, ё шумо суҳбати шогирдатонро бо дарбон аз ёд баровардаед?
Дар як мижа задан мавҷи андешаҳоям лаппиш хӯрд ва саҳнаи он суҳбат пеши назарам омад.
“-Рафиқ лейтенанти калон, шуморо гуш мекунем, - гуфта буд муфаттиш.
-Ҳаракатҳои дуюми банда дар атрофи “Хизматчии барқ” рӯзи охирини соли пешин чун ҳамон мақоли халқи “дузди зӯр соҳиби гов” - ро бастааст, шуд.
-Яъне, Сабоҳати Комил воридшавии “хизматчии барқ”- ро ба бино инкор накард? - пурсид сарвари гурӯҳи тафтишотӣ.
-Инкор накард ва чун ман сабаби ҳамаи инро, ки чаро тайи се ҳафтаи охир дар ин бора калимае ба забон наовард, пурсон шудам, айнан чунин посух дод:
- Чунки шумо дар ин бора напурсидед ва банда аз куҷо медонистам, ки воридшавии корманди барқ ба бино мумкин нест, вагарна асло намегузоштам, ки ӯ вориди бино шавад ва саводи банда на дар он сатҳест, ки ба ҷузъиёти ҳар як майда - чӯйда аз нигоҳи қонун назора намоям. Маҳз ҳамин каломро шунида, ман бо каме тағйирот суханони Феликс Эдмундовичро ба самъи бонуи дар дидбонгоҳ нишаста расонида гуфтам, ки дар ҳақиқат шумо дар ин ҷода гуноҳе надоред ва ин гуноҳи мост, ки шуморо дуруст пурсида натавонистем.
-Аминам, ки ӯ ин кинояи шуморо ба дил наздик нагирифт, - луқма партофт муфаттиш.
-Намедонам, вале ӯ гуфт, ки нафари дар либоси ранги кабуд дошта дар дасташ сумкаи сафарии ранги сиёҳ дошт ва дар пушти камзӯлаш “хизматчии барқ” навишта шуда буд.
Маҳз ҳамин нишона сабаб гардида ва нафари дар дидбонгоҳ буда ба шахсияти воридшаванда чандон аҳмият надодаст ва дуюмӣ рост ба тарафи лифт рафтааст. Аз рӯйи вақт ва садои ҳаракат нафари вориди лифтшуда ба андешаи Сабоҳати Комил аз ошёнаи чорум ё панҷум боло нарафтааст. Чун баъди чанд дақиқа Сабоҳати Комил барои рӯбучини хонаи Фирӯзи Файз рафтааст, дигар баромадани “хизматчии барқ” - ро аз бино надидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо