Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба саволи банда “Рафту агар ӯро бинед, мешиноседаш,” Сабоҳати Комил китф ба ҳам кашида гуфтааст, “намедонам, чунки банда дар камзӯлчаи вай навиштаҷоти “хизматчии барқ” - ро дида ором шудам ва шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки ҳамарӯза бо талаби сокинони бино кормандони барқ омада, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда мерафтанд ва ба қавле акнун мо ҳама чун гӯшту нохун ба ҳам дӯсту қарин гардида будем.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шудаву ман дигар ба вай чандон аҳамият надодам” - ба ёд овардам он муколамаи сегонаро ва гуфтам:
-Чӣ тавр шуда, ки ин дафъа ӯ ҳамаашро ба ёд овард?
-Дар ёдатон бошад, лейтенанти калон дар як вохӯрӣ гуфта буд, ки ҷабрдидаи навбатӣ метавонад Сабоҳати Комил бошад. Дирӯз ҳангоми суҳбат ман хизматгордухтарро бовар кунонидам, ки ин даъфа метавонад худ вай ҳадафи қотил қарор гирад.
-Вай бошад, ҳамин хел осонакак ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуд?
-Дар бораи ҳамкорӣ бо тафтишот ҳатто сухане набуд.
Духтари дар даромадгоҳи бинои 59/6 кӯчаи Бухоро нишаста гуфт, ки рӯзи дуюми баъди ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада сокини бино Ашӯр Ғулом, ки нисбати кори банда бе тавофут набуд, омада пурсид, ки оё ҳамон рӯз ягон нафар бо либоси кабуд, ки дар тахтапушташ “хизматчии барқ” навишта шуда буд, вориди бино нашуд ва чун Сабоҳати Комил чунин амалро инкор накарда, ҳатто гуфтааст, ки нафари таваҷҷуҳи эшонро бедор намуда соати 12.43 дақиқа вориди бино шудааст, Ашӯр Ғулом ин дафъа кай аз бино баромадани ҳамон нафарро пурсидааст, Сабоҳат ҳамон ҷавоберо гуфта, ки мо аз забони Ҷомии Шариф шунида будем.
-Яъне, ки ман соати 12.58 дақиқа ба боло баромадам ва дигар рафтани хизматчии барқро надидам, ҳамин хел?- пурсидам ман.

пешина
аз 527
навбатӣ