Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Аз рӯйи овозаҳо баъзе вазирону вакилон ҳам дастнигари ҳамон тамокуфурӯшанд.
Шояд кадоме аз ҳамон вазирону вакилон дар асоси хоҳиши сарпарасти хеш ба сарвари милиса занг зада, симои ситораи варзишро чун захми таги тоқӣ пинҳон намудан хоста?
-Албатта, хоҳиш мекунанд, модоме ҷавонзан замоне ситораи бозиҳои ҳавоии “рақс дар само” буда ва шарафи диёрро дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ҳимоя намуда, гули сари сабади ВАО гардида. Гумон мекунам варзиши ватанӣ ба чунин нафарон ҳамеша ниёз дошт, дорад ва хоҳад дошт.
Ҳарчанд банда то кунун он ситораи акнун ба ғурӯбрафтаро надида будам, вале борҳо аз “оинаи нилгун” чунин “рақсҳои ҳавоӣ” - ро тамошо намуда, ба ҷасурию диловарӣ нафарони ба ин намуди варзиш дастзада аҳсант гуфта будам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, банда ҳангоми суҳбат аз ташхисгари тибби судӣ пурсидам, ки оё ҷавонзан наафтидааст?
-Наафтидааст.Чӣ тавр метавонад ҷавонзани аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта болои қолин лағжида афтад? - гуфтани мусоҳибам то кунун дар гӯшам чун задани путк садо медиҳаду садо. Ба ростӣ, аз гузоштани чунин савол шарм доштам. Охир ҳангоми суҳбат Сабоҳати Комил ба ман кушоду равшан фаҳмонда дод, ки Мижгони Файз чӣ шуғле дошт. Ман бошам ба ҳамаи ин гуфтаҳо аз паси панҷа нигариста, ҳатто андеша накардам, ки чӣ тавр метавонад нафаре, ки борҳо дар фазои бекарона дар бозиҳои ҳавоии гуруҳӣ иштирок намудаву дар лаҳзаҳои охирини ба замин наздик шудан гунбази абрешиминро8 чун воситаи наҷоти хеш истифода бурда, сиҳату саломат аз осмон бар замин расидааст, дар рӯи фарш болои қолини моҳутдор афтида, худро ҳимоя карда натавонад, аммо ин танҳо як тарафи кор буд...
Тарафи дигари кор он буд, ки бонуи ҷон ба Ҷонофарин таслим намуда, бо пул сару кор дошт, бо пули каму беш не, балки бо пули калон, ки миқдори зиёди он дар хатарнокии
8 Парашют дар назар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё