Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҷаҳиш аз фазоро ҳам ба як нӯл мезанад, чунки ҳодисаи аввала агар шуғли дӯстдоштаи нафарони алоҳида бошад, аммо коғазҳои қиматнок ё ба истилоҳ пул, ин талаботи ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа ба шумор меравад ва ба хотири он гурӯҳҳои тангназар ба ҳама амалҳои ғайриқонунӣ тайёранд ва боз...
Ин бонуи ҳамакораи миёнарав байни кадом як тамокуфурӯш ва воломақомҳои бо сарпарасти вай дар додугирифти ғайриқо дошта. Аз нигоҳи мантиқ миёнаравӣ ин амалест, аз доираи қонун берун. Амалест, ки ҳама гуна иҷроиши он бо пул алоқаманд аст. Пас агар чунин будааст, пора дар ин амалҳо ҳамчун бемории сироятӣ аз даст ба даст гузашта.9 Умуман, муаммо болои муаммо.
-Албатта, ҳама гуна хоҳишро ҳам сабабест ва дар замоне, ки байни падару писар меҳру шафқат намонда, пул воситаи ягонаи зиндагӣ шудааст, бешак касе хоҳиш намудааст. Чаро ва ба кадом мақсад хоҳиш намудааст, ман намедонистам ва Воҳид Камол ҳам дар ин бора то вақту соаташ ба ман чизе нахоҳад гуфт. Нафаре ба сарвари милиса занг задааст, марди аноӣ нест ва мефаҳмад, ки Воҳид Камол бе рухсати худи вай ин асрорро ниҳон хоҳад дошт ва полковники милиса ҳам чун ҳама инсонҳо марди шири хомхӯрда аст ва аз куҷо медонист, ки кор чунин сурат мегирад ва худ аз нимкосаи зери коса бехабар сухани он мардро нашикаст. Дар вохӯрии дишаба ҳам сарвари милиса дар ин бора каломе ба забон наовард. Шояд нафари аз сарвари милиса хоҳиш намуда чун худи вай хоҳиши нафареро иҷро намуда бошад, ки аз ҷиҳати мақому мансаб нисбат ба эшон бартарии бештаре дорад ва Воҳид Камол ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, аз нигоҳи инсонӣ мақоли халқии “мардӣ набувад фитодаро пой задан” - ро ба хотир оварда, номи шахси миёнаравро ошкор кардан нахост, чун боварӣ дорад ки бе ин ҳам тафтишот қилро аз хамир ҷудо хоҳад кард...
Аслан ҳодиса на дар он шакле рух додааст, ки мо гумон дорем. Агар нафари бегонае қасд ба ҷони Мижгони Файз
9Взятка-эта болезнь, которая передаётся контактным путём, из рук в руки.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё