Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Зид нестам, - гӯён муфаттиш аз ҷой бархест ва ману Ҷомии Шариф ҳам ба ӯ пайравӣ намуда, аз ҳуҷраи рақами 8 баромадем.
Ҳамагӣ як дақиқа пеш аз муҳлати муайяншуда Бутаков дарро кушода, моро ба ҳуҷра даъват намуд.
-Зерҳимояи банда даъво дорад, ки гуноҳе надорад ва шояд тафтишот дар нисбати вай ба иштибоҳ роҳ додааст, - мавқеи хешро дар хатти ҳимоя пеш овард Бутаков.
-Биёед, беҳтараш ба далелҳо рӯ оварем, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфтам ман.
-Бисёр хуб.
-Ташхиси тиббӣ - судӣ бар он назар аст, ки Мижгони Файз дар байни соатҳои 12.45 - 13.15 - и рӯзи 8 декабр ба ҳалокат расонида шудааст. Аз ҳамин лиҳоз мехостем, зерҳимояи шумо ба ёд биёрад, ки тайи соатҳои 12 то 14 - и ҳамон рӯз ӯ дар куҷо ва ба чӣ кор машғул буд?
-Аз байн чӣ қадар вақт гузашт ва баъди ин ҳама маводи кимиёвӣ ба гумон аст он рӯзро ман ба ёд оварда тавонам, - гуфт гумонбаршуда, ки шояд бо сабаби беморӣ мехост эътирози тарафи ҳимояро дар нисбати тафтишот ба бор оварад, вале...
-Каме дақиқтар дар бораи ҳамон рӯз маълумот медодед, - гуфтани Бутаков эҳтимол охирин умедро дар қалби гумонбаршуда шикаст.
-Он рӯз борон буд, борони сахт, сипас борон монд, вале фазои шаҳрро абрҳои сиёҳ пушонида буд. Ҳарчанд чандон хунук ҳам набуд, вале ангуштшумор нафароне қариб ки либоси зимистона ба бар карда буданд.
-Ман аллакай ба ёд овардам, ки он рӯз ба чӣ кору боре машғул будам ва гумон мекунам шумо низ он рӯзро пурра ба хотир оварда, далеле баҳри собит намудани бегуноҳии хеш пеш меовардед, - қариб ки бо оҳанги илтиҷоомез зерҳимояашро огоҳ намуд адвокат.
-Баъди гузаронидани ҳамаи ин маводи кимиёвӣ ҳеҷ хотиротамро гирд оварда наметавонам, - гуфт гумонбаршуда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо