Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди даҳ - понздаҳ дақиқа ҳамшираи дигаре бо аробача омада, беморро ба ҳуҷраи рақами 8, ки ҳамчун ҳуҷраи эҳтиётӣ нигоҳ дошта мешудааст, интиқол дод ва баъди омадани ҳимоячӣ мо низ ба он ҷо рафтем.
Муфаттиш дар ҳузури адвокат Бутаков дигарбора Зоҳири Зокирро ҳамчун гумонбар бо ҳуқуқҳояш шинос намуда гуфт, ки рафти пурсиш ба диктафони тамғаи “SONI” сабт карда мешавад ва тугмачаи сабти овозро пахш намуда гуфт:
-Ҳамагӣ ним соат пеш чун мо шуморо аз асли воқеаи ба сари Мижгони Файз омада огоҳ намуда гуфтем, ки дар ҳодисаи мазкур тафтишот аз шумо гумонбар аст, шумо ба ҷойи инкор ё тасдиқи суханони мо далел талаб намудед, ҳамин хел?
-Бале.
-Чун пурсиш ҳанӯз мақоми расмӣ нагирифта буд, мо ҳам каломе ба забон наовардем. Бояд арз намоям, ки гумонбаршуда худаш бегуноҳияшро бояд собит созад ва барои ин далелҳо пеш оварад, то мақомоти тафтишотӣ онҳоро мавриди санҷишу таҳлил қарор диҳад. Акнун мегуфтед, ки оё шумо барои бегуноҳии хеш далеле пеш оварда метавонед?

  • Ҳарчанд паҳлуҳои дигари аз хеш домангир шудани тафтишотро то кунун нафаҳмида истодаам, аммо мутмаъинам, ки сухан теғ аст ва сари сабзи сухӯ дар зери ҳамин теғ, гуноҳи дигареро дар рафтору кирдори хеш надида истодаам.
    -Чӣ хел сухан ва чаро зерҳимояи банда боздоштшавии хешро ба каломи аз забонаш берун омада нисбат медиҳад?- эътироз пеш овард ҳимоячӣ.
    -Аслан мавзуи суҳбати мо ба рафти ҳодисаҳо ягон пайвастагие надорад, - Бутаковро ором намуданӣ шуда гуфт муфаттиш.
    -Ба ҳар ҳол мехостам бо зерҳимояам ҳамагӣ даҳ дақиқа дар алоҳидагӣ суҳбат намоям.
пешина
аз 527
навбатӣ