Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун сари ниятҳои хеш қавӣ истодед, навои дили банда, ки саросар моломоли дард аст, бо ҳамон оҳанги мехостаи шумо ҷӯр шуд. Акнун вақти он расид, ки сари мақсад биёем.
-Бошад, - гумонбаршударо ба давом додани суҳбат ҳидоят намуд муфаттиш.
-Ҳангоми кор дар клуби парашютчиёни ҷавон ман тамоми саҳнаи марги бародарро омӯхтам ва фаҳмидам, ки амали марги ӯро кӣ тарҳрези намудааст, иҷрочии он амал кист ва ҳарду иштирокчии он амалиётро бо қарори муассисаи хеш ба ҷазои олӣ маҳкум намуда, иҷроиши ҳукмро низ ба души хеш гирифтам.
-Хуш, кӣ будаанд он нафарон.
-Фармоишгар Асо Набот, иҷрочӣ Мижгони Ҳамроҳ.
-Бе далел мо наметавонем ба каломи шумо бовар намоем?
-Даҳ моҳ, пеш Барот Ҳабиб ном мӯйсафед ҳангоми дар беморхона, дар ҳолати вазнин қарор доштанаш хоҳиши дидани бандаро намуд ва ҳарчанд ман эшонро намешинохтам, ҳамроҳи писараш, ки ба суроғам омада буд, ба аёдаташ рафтам.
Чун вориди ҳуҷраи бемор шудам, писараш ӯро огоҳ намуд, ки банда ҳамон нафаре ҳастам, ки эшон диданам мехост. Муйсафед бо ишора маро ба наздаш хонд ва сарамро ба оғӯш гирифта, ашк рехт. Ба ростӣ, дар лаҳзаи аввал чизеро нафаҳмидам ва чун бо ишораи эшон ҳамагон аз палата баромадаву моро танҳо гузоштанд, мӯйсафед гуфт, ки писарам пеш аз марг мехоҳам ту маро бубахшӣ.
Гуфтам; - Бобо, маро гунаҳкор насозед ва чаро чунин мегӯед?
Гуфт: - ман гунаҳкорам, чунки дар ҳамон шабу рӯзе, ки бародарат Тоҳир ба ҳалокат расид, ман коменданти ҳамон маркази таълимӣ будам ва баъди ҳодисаи ба сари бародарат омада хомӯширо ихтиёр намудам ва акнун намехоҳам он асрорро бо худ ба гӯр бубарам. Мӯйсафед, гуфт:

пешина
аз 527
навбатӣ