Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Замоне, ки Тоҳир дар клуби парашютчиён машқ мекард, агар парвоз аз рӯйи нақша субҳи барвақт оғоз мешуд, як рӯз пеш аз ҷаҳиш ҳамаи он нафароне, ки фардо бояд дар АН - 2 менишастанд, парашютҳояшонро барои ҷаҳиш омода намуда, барои нигоҳдорӣ дар ҳуҷраи алоҳида, ки бе иштироки бевоситаи комендант, ки масъули нигоҳдории лавозимоти ҷаҳиш ҳисоб мешуд ва ба он ҷо даромадан қатъиян манъ буд, мегузоштанд. Чӣ шуду ҳамон бегоҳ муассиси клуб Асо Набот ҳамроҳи арӯсшавандаи Тоҳир Мижгони Ҳамроҳ ба он ҷо омаданд. Муассис гуфт, ки Мижгон ҳангоми омода сохтани парашют ангуштарини хешро, ки хеле гаронарзиш аст, гум намудааст ва худаш оид ба каму камбудиҳо бо ман сари суҳбат қарор гирифт ва хоҳиш кард, ки калиди ҷойи нигоҳдории парашютҳоро ба Мижгон диҳам, то рафта парашюташро гирифта биёрад ва банда низ фирефтаи суханони муассис шуда, калидро ба дасти арӯсшавандаи Тоҳир додам...
Муйсафеди дар дами марг қарордошта ба ёд овард, ки ҳарчанд Мижгон лаҳзае пас ангуштарин дар даст баргашта гуфт, ки онро ҳангоми гузоштани парашют ба зери миз афтонда будааст, субҳи фардояш ба клуб наомад ва ҳамон субҳ парашюти Тоҳир кушода нашуд...

  • Мӯйсафед гуфтааст, ки Мижгон лаҳзае пас ангуштарин дар даст баргаштааст, пас чӣ тавр метавонист дар чунин як муддати кӯтоҳ ӯ парашюти бародари шуморо корношоям гардонад?
    -Рафти ҳодисаҳои минбаъда имкони аз забони Мижгон шунидани ин каломро ба ман надод, вале чун худ дар соҳаи авиатсия кор карда, борҳо аз парашют ҳам паридаам, Мижгон бо супориши Асо Набот он рӯз ҳангоми омода сохтан парашюти худашро корношоям намуда, бегоҳӣ онро дар танҳоӣ ба ҷойи парошюти Тоҳир гузоштааст. Сабаби он субҳ ба клуб наомаданаш низ ба андешаи банда дар асоси супориши Асо Набот рух дода, чунки вай палиди тамокуфурӯш илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ дида, пешгирӣ намудааст, ки Мижгон дар лаҳзаи охир аз кирдораш пушаймон нашавад...
пешина
аз 527
навбатӣ