Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳоло соат чанд ба ҷойи ба саволам посух гуфтан пурсид мусоҳибам.
-Чӣ ба ягон ҷо шитоб доред?
-Не.
-Пас донистани вақт ба шумо чӣ лозим?
-Ба ман не, он ба шумо лозим мешавад ва, албатта, дар рафти тафтишот шумо на як бору ду бор сари ин масъала хоҳед баргашт.

  • Соат чордаҳу ҳашт дақиқа, - ниҳоят шикасти хешро эътироф намуда гуфтам ман.
    -Ман бошам, соати сенздаҳу понздаҳ дақиқа вориди хона шудам ва ҳанӯз тағйири либос накарда будам, ки садои занги дар баланд шуд, дилу бедилон рафта дарро кушодам ва дар остона ана ин касро, - ӯ бо ангушташ ба тарафи ҷавонзан ишора намуд, - дидам. Авзои парешони ӯро дида пурсидам, ки чӣ ҳодиса шуд ва мусоҳибам гуфт, ки тезтар биё, ки Мижгон афтиду болои фарш бе ҳушу бе ёд аст. Ман ҳамроҳи Сабоҳат ба ин ҷо омадам ва чун худ замоне дар экспедитсияи геологии ҷанубӣ ба ҳайси фелдшер кору фаъолият доштам, хам шуда набзи Мижгонро санҷидам, ки ӯ кайҳо ҷон ба Ҷонофарин супорида буд.
    -Яъне, шумо худ надидед, ки ҳодиса чӣ хел рух дод.
    -Надидам, вале маълум, ки ҳодиса айнан чунине рух додааст, ки ман гуфтам, яъне лағжиду сараш ба фарш бархӯрду ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
    -Сабо ҳам ҳодисаро надид?
    -Намедонам, вале чун ман омадам, ӯ дар “дидбонгоҳ” набуд.
    -Чунин ҳолатҳо зиёданд, ки онҳо минтақаи хизматии хешро тарк мекунанд.
    -Аввалҳо онҳо се нафар буданд ва тартибу низом ҳам дар даромадгоҳ хубтар буд, акнун онҳо ду нафаранд ва ба ҷуз назорати даромадгоҳ боз хардуи онхо рӯбучини як - ду ҳуҷраеро ба душ гирифта, хоҳу нохоҳ баъзан дидбонгоҳро тарк мекунанд.
пешина
аз 527
навбатӣ