Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Яъне дар чунин ҳолатҳо ҳар кӣ ҳам метавонад бе мушкилӣ вориди бино шуда, ё аз дохили бино баромада равад?
-Намедонам, чунки дари асосӣ бо кулфи рақамӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
-Ҳарчанд ӯ то ҷое ба ҳимояи Сабоҳати Комил дасту остин ҳам барзадаву қулфи рақамиро чун далели гуфтаҳои хеш пеш овард, вале баръало ба ман фаҳмонд, ки касеро мақсад ҳаст бе мушкилоте метавонад вориди бино гардад ва боз ҳамон хел ноаён онро тарк созад. Рафту агар нишондоди вайро болои мизони қонун гузорем, ӯ тавонист ҳам тафтишот ва ҳам духтари дар дидбонгоҳ нишастаро ҳимоя намояд. Нишондоди вай аслан мақоли халқӣ “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад” - ро ба ёдам овард...
Дар торикӣ ҳам бошад, мавҷи хаёлотам ба самти дигари соҳил лаппиш хӯрд ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки Мижгони Файзро дар ҳарду самти фронт роҳбалад пул буд ва маҳз пул дар зиндагӣ роҳи ӯро чун “Маяк”11 дар уқёнус рӯшан мекард.
Шояд ҷавонзан ҳангоми гузаронидани амалиёте ба хатое роҳ дод ва ҳамин хато баҳои ҷонаш шуд. Ҳатто хизматгордухтар тиҷорати ӯро тиҷорати таърихӣ номид.
Тиҷорате, ки дар он тамокуфурӯше чун Теразини12 зимоми давлатдориро ба душ гирифта, баъзе вазирону вакилони беномусро пойбӯси хеш намуда. Магар тасвир аз ин зиёд мешавад. Модоме ки чунин аст, пас аз амалҳои ғайриқонунии бону ҳамагон огоҳӣ доранд, вале чаро онҳо ҳама ба даҳон об гирифтанд?
Шояд хоб ғалаба кард, ки давоми қиссаи дирӯза дар ёдам намонда, чун чашм кушодам, хона аз оғӯши зулмот берун омада буд. Субҳ медамид...
Соате пас вақте, ки банда нияти ба кор рафтан доштам, Алексей Владимирович занг зада хабар дод, ки дишаб соати
23 – и вақти Маскав онҳо ба фурӯдгоҳи Жуковскии фаромаданд ва то ба хона расидан боз ду - дуюним соат вақт
11 Маяк – чароғаки роҳнамо.
12 Ишора ба персонажи манфии филми итолёии “Ҳаштпо”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё