Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ёсуман дигар маҷоли бо қалби хеш баҳс кардан надошт.
Аз ҷой бархесту пеши тиреза рафта онро кушод. Шамоли сарде сару рўяшро сила намуд. Ба поён нигарист. Шом кайҳо сипарӣ шуда бошад, ҳам равуои мардумон то кунун анҷом напазируфта буд. Ҳама чун мурчагон аз самте ба самте мешитобиданд...
- Бибиҷон! Бибиҷон!
- Ҳа, чӣ буд, чаро ин қадар дод мезанӣ?
- Қодир меояд, Қодир.
- Қодир?
- Ҳа, акаҷони ман, - гўён Садаф бо пушти дасташ ашки дар гирди чашмонаш ҳалқазадаро пок намуда, ба сўйи он ду савори аз пайроҳа меомада тохта рафт.
Кампир ба асо такя намуда, аз ҷояш бархост ва дасти росташро болои чашмонаш сипар намуда, ба ҳамон тарафе, ки наберааш Садаф рафта буд, дида дӯхт. Ду аспсавор ба сўйи деҳа меомаданд. Кампир онҳоро шинохта натавонист. - Бало пирӣ шавад, - гуфт ў бо овози на чандон шунаво.
- Чӣ гап шуд? - шунид ў овози келинаш Беназирро, ки сабабгори аз хона фирор намудани наберааш гашта буд.
- Қодир меояд, Қодир.
- Ман гуфтам - ку, давидани гӯсола то каҳдон, шумо бошед…
- Мо хуни ҷигар шудем, вале туро парвое нест.
- Ман гунаҳкор шудам, ки ба писарат хонадор шудам?
- Гунаҳкор не, бачам, вале бо кўдак созиш кардан даркор.
Ду ҳафта шуд, ки Қодир дар хона нест, вале касе парвои ў надорад. - Ман ўро аз хона пеш накардаам.
- Медонам.
- Пас чаро аз ман домангиред?
-Чӣ, рафта аз ҳамсоя домангир шавам. Бубин Ашўр Раҳмонро чӣ хел дўст медорад, ту бошӣ…,- гўён кампир бо нӯги рўймолаш ашки чашмонашро пок кард. - Метарсам, ки дар марги келинат ҳам, маро гунаҳкор накунӣ, - гўён Беназир ба хона даромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо