Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дили ҷавонзан ба ҳоли он мард бисўхт, вале чӣ илоҷ, ў худаш нафаҳмид, ки нафаҳмид…
Шояд ташвиши ўро низ сабаб буд. Рафту агар милиса сабабҳои дар роҳ ба зери сангчарх мондани он мошинро ҷўё шавад, оқибат сир фош мегардад. Ёсуман ҳар қадар кӯшид, ки ронандаро ором созад, вале натавонист.
Тайи ин се моҳи шиносоӣ ба хулосае омад, ки Мустафо аз ҳамсари қонуниаш дил канданӣ надорад. Чаро? Кош соҳибхона дари ҳуҷраро боз мекарду ўро аз байни ин андешаҳои бесару нӯг раҳо месохт.
Не, касе дарро накушод. Пиразан бо ў дигар коре надошт.
Баъди пардохти маблағи иҷора соҳибхона аз вай дурӣ меҷуст.
Дар ин ҷода Ёсуман гуноҳе надошт. Пиразан аз рафторҳои нолоиқи хеш шарм медошт. Шарм аз он медошт, ки баъзан иҷоранишинашро барои сари вақт пардохт накардани маблағи иҷора гапҳои дурушт мегуфт. Акнун ҳамаи он суханони гуфтаашро, ки тири аз камон ҷастаро мемонд, ба ёд оварда, шармаш меомад, вагарна вай ҳам муҳтоҷи ҳамсуҳбате буд…
Акнун дар ду ҳуҷраи паҳлуи ҳам ду зан дар танҳоӣ бо мавҷи андешаҳои хеш шино доштанд…
Он дипломати сиёҳ дар муносибатҳои байни ў ва Мустафо Наим оби сард рехт. Шуълаеро, ки шояд акнун нияти аланга задан дошт, ҷавонзан бо дасти хеш хомўш кард.
- Чӣ ҷойи таассуф, охир ўро зану фарзанд буд!-нидо омад аз қалбаш.
- Не, ў аз Гулнозаш нияти дил кандан надошт. Ман чизеро дар муҳаббат аз даст надодаам. Рафту агар Мустафо дипломатро ба милиса мебурд, дар он сурат…
- Чӣ мешуд?
- Хонаи олам месўхт…
- Ҳоло чӣ?
- Пул бошад, дар ҷангал шўрбо.
- Акнун худат соҳиби пули калон шудӣ?
- Ба худодода ситеза макун, ки ўро Худо додааст,- бо қалбаш сари баҳс қарор гирифт ҷавонзан.
- Бо кадом нарх?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо