Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Барои як маст шуда…, - ғурғур намуд ронанда.
- Маст ҳаст ё не, вай инсон аст ва мо ҳамин хел гузашта рафта наметавонем.
- Ман ҳозир фаҳмида меоям,- гўён ронанда хост аз мошин берун ояд, вале мусофир гуфт:
- Якҷоя рафта мебинем.
Онҳо ҳарду аз мошина берун омада, ба тарафи рост ҳаракат намуданд. Дар масофаи бист - сӣ метр аз рўйи роҳи калон марде бо либосҳои пурчангу хок рў ба замин мехобид. - Гуфтам - ку, вай маст аст,- эътироз намуд ронанда ва хост гашта равад.
- Истед! - амр кард он мусофир.
- Охир маро шеф интизор аст, - ғурғур намуд ронанда.
- Шеф гурехта намеравад. Беҳтараш ёрӣ диҳед ин касро ба беморхона барем, - хоҳиш кард марди мусофир.
Ронанда сухане нагуфт. Баъди бист - бисту панҷ дақиқа мошинро дар пеши бинои қабулгоҳи "Беморхонаи ёрии таъҷилӣ" нигоҳ дошт.
Чун дар ҷайби ҷабридида ҳуҷҷате ёфт нашуд, шахсияти ронанда ва мусофири вайро, ки ҷабридидаро то беморхона оварда буданд, аз рўйи ҳуҷҷатҳояшон ба китоби махсус қайд намуданд…
Хушдил Одил ба ҳуш омада буд, вале аз чашм кушодан худдорӣ мекард. Ў қариб ки ҳамаи суҳбати духтурро бо ҳамшираи шафқат шунид:
- Милиса куҷо шуд?
- Интизорӣ ба ҷонаш заду рафт, вале таъқид кард, ки чун бемор чашм кушод, ба вай занг занем.
- Не, ман занг намезанам, - шунид ў боз ҳамон овози маҳинеро, ки ба куҷо рафтани милисаро пурсон шуда буд.
- Ман худам занг мезанам. Чун бемор ба худ омаду чашм кушод, маро огоҳ намоед.
- Майлаш.
- Боз чӣ гуфтан мехоҳед?
- Оё намешуд, ки ба милиса занг намезадед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо