Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Не, намешавад, рафту ба бемор ҳодисае рух диҳад, мо сар ба саломат намебарем, ба замми ин, низомнома ҳаст ва ман аз рўйи он амал намудаам.
- Гумон доред, милиса онҳоеро, ки ин бечораро ба чунин аҳвол расонидаанд, меёбанд?
- Меёбанд ё не, кори мо нест. Мо аз рўйи дастурамали идораи хеш амал намудем. Дигар кунда мекафад ё ҷувоз, ба мо фарқе надорад.
- Набошад, чаро ҳамон милисаро пеши дари палата намондед?
- Чӣ лозим?
- Рафту…
- Чиро дар назар доред?
- Агар қасди ҷони ин кас намоянд?
- Ба фикрам, ин кас дар ҳалқаи авбошон афтидааст.
Авбош ҳаргиз киллер шуда наметавонад. - Майлаш, чун ин кас ба худ биёяд, ман шуморо огоҳ мекунам.
- Шаб ба хайр.
- Шаб ба хайр…
Хушдил Одил фаҳмид, ки аллакай шаб шудааст, вале худро ошкор кардан нахост.
Аз лаҳзаи вохўрӣ чанд вақт гузашт, ў намедонист, вале бо ҷаҳду талошҳои зиёде ба ёд овард, дар ҳоле ки нурҳои аввалини субҳгоҳӣ ба сари қуллаҳои тарафи муқобил расида буданд ва ў чандин бор кӯшиши бархестан намуда, худро рост нигоҳ дошта натавонист, гаваккашон ба тарафи роҳи калони автомобилгард хазид…
Чӣ тавр ўро ба беморхона овардаанд, низ барояш муаммо буд, вале ин ҳанўз анҷоми кор набуд. Коре, ки ў даст зада буд, оғоз дошту анҷом не ва ба ҳамаи ин худи вай гунаҳкор. Агар ғуломи нафс намешуд ба чунин аҳвол гирифтор мегашт? - Ҳаргиз! - нидо омад аз қалбаш. Ин нидо болои сӯхта намакоб гардид ва вуҷудашро саропо сўхт. Оташи вуҷуди ўро фарогирифта аланга надошт, ки мардумон бубинанду ба ёриаш шитобанд. Ба кӣ гўяд ин дарду алами хешро? Ба дўст гўяд, шояд посух шунавад. "Вой бар ҳолат". Ба душман гўяд, хоҳад шунид, ки "ҳолат аз ин бадтар"…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо