Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

курсӣ менишастед, то мавқеи ҳардуи мо дар як сатҳ қарор мегирифт.
-Бошад, - гуфтам ман ва боз се - чор қадаме ба пеш ниҳода, ба курсӣ нишаста, нигоҳамро ба сӯйи мусоҳиби ба қавли худаш дар як сатҳ қарор дошта, дӯхтам.
-Метавонед акнун бемалол ҳамон калимаи соддаатонро баҳри банда арзонӣ доред!
-Боре сокинони шаҳри Бухоро чашми Афандиро ба ҳаракатҳои ноҷои ҳамсараш кушоданӣ шуда, эшонро огоҳ намуданд, ки бонуи шумо роҳи ростро хуш надорад. Матлаби онҳоро Афандӣ дуруст дарк намуда бошад ҳам, чунин посух додааст: “Агар кӯчаҳои Бухоро каҷ бошанд, ҳамсари бечораи ман чӣ тавр рост равад?”
-Бетарафии мардум ҳамеша оқибати ногувореро ба бор меорад. Мардум то кунун дарк накардаанд, ки мубориза алайҳи ҷинояткори кори дастаҷамъӣ ва қарзи ҳар як фарди ҷомеаи шарвандист, ё чӣ хеле мегӯянд: “ободии куфр аз парешонии мост.”
-Нигоҳи имрӯзаи ҳамсуҳбатонамро метавон ба мақоли халқӣ “туро газад, маро чӣ ғам” ташбеҳ дод.
- Шояд айб на дар ош, балки дар мош аст.
-Шояд, чунки ҷавонзанро дар зиндагӣ пул чун “чароғи роҳнамо” дар уқёнус ҳамеша роҳбару раҳнамо будааст. То ҷое, ки мо иттиллоъ гирифтем, мудири филиали бонки “Аврора” дар доду гирифти бозор не, балки байни кадом як тамокуфурӯш ва воломақомҳои курсинишин ҳамчун миёнарав дар ҷобаҷогузории кадрҳо саҳм гузоштааст. Ӯ ин амали хешро дар кадом соҳа пеш мебурдааст, то кунун барои мо муаммост, вале мардум ҳаракатҳои Мижгони Файзро тиҷорати таърихӣ ном мебаранд.
-Душман гуноҳи дигаратро, ки наёфт, албатта хоҳад гуфт, ки думи сагат каҷ аст.
-Рафту агар Мижгони Файз зинда мебуд ва дар нисбаташ чунин каломро ба забон меоварданд, шояд эътироз пеш оварда мегуфт, ки душман гуноҳи дигаратро наёфт, албатта, хоҳад гуфт, ки “думи сагат ва мегуфтем ки нотавонбинонаш, вале дар нисбати шахси фавтида ба гумон аст, касе туҳмат намояд, чунки ӯ акнун ба ҷойи ростон асту мо ин ҷо ба сад бори гуноҳ ва боз ҳаминаш намерасид, ки нисбат ба шахси фавтида чунин алфози таҳқиромезро ба забон оварем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё