Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Тавбаи хушку холӣ не.
- Тавба дигар навъ ҳам дорад?
- Ҳоло ки дер нашудааст, он пулҳоро гирифта ба милиса рав ва аз кардаат иқрор шав.
- Ҳаргиз.
- Пас тавбаат чӣ маънӣ дорад?
- Парвардигор бахшандаву меҳрубон аст.
- Агар тавба аз сидқи дил бошад.
- Ман ҳам сидқан тавба кардам.
- Тавба кардию моли ҳаромро баргардондан намехоҳӣ, тавба кардию барои хуни ноҳақ рехтанат ҷавоб додан намехоҳӣ?
- Хунро бо хун не, бо об мешўянд.
- Агар худат ба милиса рафта, аз кирдори содиркардаат иқрор шавӣ…
- Наравам - чӣ?
- Дар он сурат рўзе милиса гуноҳатро дайн хоҳад кард, он вақт тавбаю надомати ту дигар суде нахоҳад дошт.
Аз балангдгўяки масҷиди рў ба рўйи биное, ки Ёсуман зиндагӣ дошт, овози азон баланд шуд. Даъват ба намози шом ўро аз муколамаи минбаъда бо қалбаш раҳо кард. Ҷавонзан аз паси оинаи тиреза дур шуда, боз назди оинаи барқад рафт ва он гарданбанди тиллоиеро, ки чанд лаҳза пештар болои пештахтаи оина гузошта буд, ба даст гирифт. Ин даъфа ў гарданбанди тиллоро бо ҳарду дасташ баҳри дидани симои хеш ба гарданаш ҳамоил кард ва худ аз чанд кунҷе, бо нозу карашма ба симои дар муқобилаш истода нигарист… - Гарданбанд ба ту ниҳоят зебидааст, - ба ёд овард ў суханони сари субҳ гуфтаи яке аз ҳамкоронро.
Аз ҳама беш суханони Светлана Сергеевна, ки қариб ба таври шоирона тиллоро ташбеҳ дод, дар ёди ў монда. Вақте ки ҳамкораш Саодат Мирзоева гуфт, ки Ёсуман гарданбанди тилло ба ту ниҳоят зебидааст, Светлана Сергеевна Анишкина чунин посух дод:
-А как же, ведь не зря говорять: -“Золоту пробуй огнём, а женщину золотом, тогда узнаешь она из какого проба.” Гарданбанди тилло ба ҳусни худододи ў ҳусни нав зам карда буд, чӣ хеле он ҳуснро ў сари субҳ дид. Ҳоло бошад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор