Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Шояд баъди марги Мустафо дили дугонаашро таскин дода бошад?
  • Чӣ хел таскин?
  • Охир вай мегуфтагист, ки “Гулноз, ту ба марги шавҳар мотам нагир, чунки ў ба нохуни поят намеарзид. Хоҳ бовар намоӣ, хоҳ не, ман худам се маротиба Мустафои туро бо дигаре дидам…”
  • Ин хел шуданаш мумкин нест.
  • Чаро мумкин набудааст? - шунид ў боз нидои қалби реши хеш.
  • Чунки аз қафои шахси фавтида ё сухани хуб мегўянд ё умуман чизе намегўянд…
  • Баҳс намекунам, вале…
  • Вале чӣ?
  • Агар Мустафо Наим бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк мекард:
    -Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой, Набурад рагеро нахоҳад Худо.
  • Ҳамааш дуруст, вале сабабҳои сўхторро ҷўё шуда, оқибат то ба худат ҳам расиданашон мумкин.
  • Ман сўхторро тарзе ташкил намудам, ки касе сарчашмаи онро наёбад.
  • Рафту…
  • Бовар намекунам.
  • Ҳамин аст хатои худат.
  • Чӣ?
  • Гуфтам, ки ҳамин аст хатои ту.
    Ин даъфа вуҷуди ҷавонзан аз аввала дида зиёдтар ларзид.
    Ў қариб ки аз ҷояш парида хест. Назди тиреза рафт. Офтоб ба ғуруб рафта буд.
  • Худоё…
  • Офаридгорро ба ёд овардӣ?
  • Мо ҳамеша ба омўрзиши ў ниёз дорем.
  • Тавба намо!
  • Албатта,тавба мекунам. Тавба кардам, ҳазорон бор тавба…
пешина
аз 527
навбатӣ